Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин мақола кўшиш ба харҷ медиҳем, ки бо назардошти аҳамияти таълифоти солҳои охири А. Набавӣ то қадри муносиб ба нақду баррасии қазияи муҳим ва қобили таваҷҷўҳ – муаммои доварӣ ба адабиёт ва таҷдиди назар дар офаридани таърихи адабиёт ва нақди адабии садаи бист, ки мағзу ҷавҳари аслии фосилаи тақрибан бистсолаи адабиётшиносии тоҷикро фаро мегирад, пардозем.
Ба аҳли таҳқиқ пўшида нест, ки дар нимаи дувуми солҳои 80-уми садаи бист бо тақозои замони бозсозӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоиву сиёсии шўравӣ дар фазои илмҳои ҷомеашиносӣ низ таҳаввули чашмрас падид омад. Ин вазъ имкон фароҳам овард, ки таърихи адабиёти муосири тоҷик, афкори адабӣ ва нақду сухансанҷии садаи бист аз нигоҳи тоза баррасӣ гардад ва дар шинохти арзишҳои милливу байналмилалӣ аз роҳи адабиёт ва ормонҳои адабӣ қадаме ҷиддиву устувор гузошта шавад.
Масъалаи омўзиш, таҳқиқ ва баррасии навини таърихи адабиёти давраи шўравӣ асосан дар мунозираву мубоҳисаҳои матбуотӣ, ҷаласаҳо ва анҷуманҳои вежаи илмӣ-адабӣ ба миён гузошта шуда, мулоҳизаҳо дар ин маврид бо ба кор гирифтани истилоҳот ва мафҳумҳои нисбатан ҷадиди илмӣ – «таҷдиди назар», «навназарӣ», «тозаназарӣ», боздид, бознигарӣ бештар мавриди мулоҳизоти амиқ ва доманадор қарор гирифт ва рангу тобиши гуногун пайдо кард. Ба ин маънӣ, таваҷҷўҳ ба ин мавзўъ аз рукнҳои асосии нигариши илмии давра ба шумор омад.
Аз аввалин гузориши масъала роҷеъ ба муаммои таҷдиди назар ба таърихи адабиёти давраи шўравӣ, ки дар ҷаласаи илмии шўъбаи адабиёти шўравии тоҷики Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар охирҳои соли 1988 сурат гирифт, то имрўз – замони то ҳадде амиқ рафтани тафаккури илмии адабпажўҳӣ хеле матолиб дар перомуни ин қазия ба гардиши афкори илмӣ ворид шудааст, ки маҳсули чунин нигариш имрўз бояд ба вусъати чашмандози мо мусоидат намояд.
Моҳияти аслии консепсияи нави таърихи адабиёти шўравии тоҷик аз бисёр ҷиҳатҳо дигар кардани меъёри баҳо ва тасаввури гузаштаи сиёсатзада дар шинохти арзишҳои адабӣ мебошад.

пешина
аз 500
навбатӣ