Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Махсусан, рисолаи «Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷики солҳои 20-30-юми садаи ХХ» (2004) пажўҳиши судманд ва дорои асноди муҳим дар шинохти зиндагинома ва мероси ин шахсияти дорои сарнавишти талху фоҷиавист. Маҷрои рўзгор, сарнавишт, афкор ва ақоиди пурихтилофи илмии Бектош бино ба бардошти пажўҳишгар ҳамеша дар меҳвари кашмакашҳои мафкуравии замон мавриди судҷўӣ ва сўиистифодаи мафкурабарон қарор гирифта ва, ба ин ваҷҳ, номи ў дар таърихи илму адабиёти тоҷикии замони нав бо рангу ҳарфҳои мухталиф сабт шудааст.
Натиҷаи кўшишу заҳмат, талоши ҷиддӣ ва пайгиронаи пажўҳишгар аст, ки ба мақоми ноқидии Бектош ва ҷойгоҳи осори ў бо назардошти тамоми зиддияти андеша ва инҳирофи рўзгор ва дарки нуфузи воқеии нақду наққодӣ дида дўхта, номи тираи ўро аз маҷрои ошуфтагиҳои замона берун кашиданӣ ва то андозае воқеияти як марҳалаи хосаи даргириҳои адабиву фарҳангиро таъйин карданӣ шудааст. Назари тоза афкандан ба рўзгору пайкор ва ҷойгоҳи осори нафаре, ки номаш дар гирдоби мафкурабозии замон сиёҳ шудааст, дар маҷмўъ, мутолиаи дастнавиштаи сиёҳ бо айнаки сафеди нақд ва таваҷҷўҳи дуруст ба дарунмояи нақди иҷтимоъгарои дурушт сифатмандии вежаи ин пажўҳишро нишон медиҳад, ки ба назари мо дар марҳалаи имрўзии мутолиаи таърихи сухансанҷии муосир хеле муҳим ва арзишманд буда, дар чунин рўзгори ҳассоси фикрӣ ва рўҳиву равонӣ ба камтар нафаре муяссар мешавад.
Дар вақтҳои охир яке аз дастовардҳои муҳим ва судманди А. Набавӣ рисола аз боби саҳифаҳои ҷолиби таваҷҷўҳи таърихи шаклгирии иттиҳодияҳои адабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо такя ба маводи арзишманде таълиф шудааст.
Дар ин самт муаллиф барои рўи саҳифа овардани тарҳи ҷолиби пайдоиш ва таҳаввули равандҳои адабӣ дар ҷомеаи шўравии тоҷик, таърихи созмон ёфтани муассисаҳои эҷодии адабӣ, хоса бунёди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пардохта, ки дар муайян кардани таърихи равандҳои эҷодии кишвари мо хеле муҳим аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо