Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

НАЗАРИ ТОЗАИ ПАЖЎҲИШГАР ВА
4
МУАММОИ АРЗИШДОВАРИИ АДАБӢ
(Бархе аз тарҳҳои назарӣ)

…Ду ҷанбаи фаъолияти пажўҳандагии адабиётшиноси ва мунаққиди хушсалиқа, пуркор ва тозаназари тоҷик Абдухолиқ Набавӣ (Набиев) ҷиддӣ, усулӣ ва қобили мулоҳизаи густурда мебошад:
Аввалан, номбурда дар фосилаи ду-се даҳсола – солҳои 70-80-уми садаи бист ба тадқиқи умдатарин масъалаҳои бахши аъзами адабиёт – насри муосири тоҷик пардохта, ҳосили ҷустор, бардошт ва натиҷаҳои чандсолаи пурсамари ў дар силсилаи асарҳои арзишманди илмие аз қабили «Айнӣ ва насри советии тоҷик» (1978), «Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон» (1983), «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (1987), «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» (2009) ва теъдоде аз мақолоти илмӣ ҷамъбаст шудаанд.
Сониян, ин пажўҳанда аз миёнаҳои солҳои 90-уми садаи бист ба тадқиқи яке аз мавзўъҳои дигари таърихи адабиёт ва улуми адабӣ – ташаккул ва таҳаввули нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷикии даҳсолаҳои нахустини садаи бист, бозҷўи воқеият ва моҳияти ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ, ба вежа, бозтоби нақши шахсиятҳои пешрави замон дар шаклгирии афкори сухансанҷӣ машғул гардидааст.
Муҳимтарин масъалаҳои таърихи нақди адабӣ ва адабиётшиносии ин давра ва дидгоҳи илмии А. Набавӣ дар силсилаи мақолаҳои «Нақди адабӣ дар нашрияҳои Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ» (1996), «Марди ҳунар ва ҷомеаи худкома: Нақде чанд бар замону зиндагӣ ва кору эҷоди нависандаи пешрави тоҷик Ҷалол Икромӣ» (1996), «Камоли Хуҷандӣ аз назари Садриддин Айнӣ» (1996), «Нақди Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў дар матбуоти Тоҷикистон (солҳои 20-30)» (1994), «Лаҳзае чанд аз оғози илми ҷадиди сухансанҷии тоҷик» (2001), «Ибтидои пажўҳиши бонизоми фолклори тоҷик» (2002), «Нақди Фирдавсӣ дар тарозуи нақди иҷтимогаро…» (2005), «Нақди адабии замони
4 Ҳаммуаллифи мақола – Субҳони Аъзамзод ҷанг» (2006) ва ғайра ҷойгоҳи вежае дарёфтаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ