Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоироне буданд, ки ҳатто дар давраи Салчуқиён низ бо сабки давраи Сомонӣ ва ибтидои давраи Ғазнавӣ гароиш доштанд ва ҳамон соданависиву фасеҳбаёниро асоси кори худ қарор дода буданд, ҳарчанд ҳар кадоми онҳо дар анвое ё равияе дасти дарозтар доштанд. Чунончи Абўсаиди Абулхайр дар рубоиёти сўфиёна, Боботоҳири Урён дар дубайтиҳои ошиқона ва орифона ба лаҳҷаи мардумӣ, Фахриддин Асъади Гургонӣ дар достони ғиноӣ («Вис ва Ромин»), Азрақии Ҳиравӣ дар ташбеҳоти хаёлӣ дар ғазалҳо, Қатрони Табрезӣ дар татаббўи сабки Рўдакӣ, Муиззиву Ломеӣ дар борикандешӣ ва афкори ирфониву фалсафӣ дар тақлид ба Фаррухиву Унсурӣ, Носири Хусрав дар қасоид, ашъори мазҳабӣ ва фалсафӣ, дар авзони сангин ва қавофии мушкил, дар маҷмўъ ҳамагӣ пайрави шеъри шуарои аҳди Сомонӣ буданд.
Дар поёни қарни ХІ як зумраи бузурги шоирон бо роҳу равиши хоси худ ба майдони шеър ворид шуданд, ба мисли Масъуди Саъд, Абулфараҷи Рунӣ, Саноӣ, Саид Ҳасани Ғазнавӣ ва дигарон, ки ҳар кадом пайравони худро пайдо карданд. Чунончи, таъсири сабки Абулфараҷи Рунӣ ба сабки Анварӣ, ки ба лаҳни муҳовара буда, пур аз луғати арабиву истилоҳоти фаннист, ҷои шак надорад. Ё худ Саноӣ, ки андешаҳои сўфиёнаву зоҳидонаи худро бо ҳикмат даромехт ва дар қолаби қасидаву ғазал ва манзумаҳо рехт, як гурўҳи шоиронро аз пайи худ бурд. Ҳатто бузургтарин адибоне, ки аз ақиби ў омаданд, Хоқониву Низомӣ ва Аттору Мавлавӣ аз таъсири ў барканор намондаанд, чӣ расад ба нафарони дигаре чун Ҷалолиддини Муҳаммад ибни Абдураззоқ ва Қивомии Розӣ, ки дар ашъорашон тақлиди Саноӣ басо равшан падид омадааст.
Дар мавриди Хоқонӣ ва Низомӣ, ки ҳарду ҳам устодони бузург ва соҳибсабк ҳастанд ва роҷеъ ба сабку салиқаи хос ва нотакрори худ ҳарду ҳам ишораҳое доранд, тавзеҳи махсусе бояд. Чунончи, Хоқонӣ гуфтааст:

пешина
аз 500
навбатӣ