Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маро шеваи хоси тоза - сту дошт, Ҳамон шеваи бостон Унсурӣ.
Ё худ Низомӣ истиқлоли хешро дар маъниву баён чунин арз мекунад:
Орияти кас напазируфтаам,
Он чи дилам гуфт, бигў, гуфтаам.
Ин шуарои номвари Озарбойҷон мактаби Саноиро гузашта, дар баёни ҳикмат ва маъниҳои орифонаву зоҳидона шогирд ва пайрави ин мактаб мондаанд. Ба ҷуз ин ду нафаре, ки номашон зикр шуд, дар Шимолу Ғарбии Эрон – Озарбойҷон шуарое монанди Абулаълои Ганҷаӣ, Фалакии Шарвонӣ, Муҷириддини Байлақонӣ бо сабку салиқаи хоси худ, муштамил бар шеваву лаҳни озарӣ мутамойиз аз лаҳни адабии Хуросону Мовароуннаҳр, истифодаи вофири вожаҳои арабӣ ба майдони шеър по гузоштанд ва маркази адабии худро ташкил додаанд.
Ҳавзаи дигари адабие, ки дар ин давра иштиҳор дошт ва шоирони соҳибсабкеро рўи кор овард, ҳавзаи Ироқ буд.
Дар Исфаҳону Ҳамадон ва Рай шоироне мисли Ҷамолиддин Муҳаммад ибни Абдураззоқи Исфаҳонӣ, Асирии Ахсикатӣ, Ашҳарии Нишопурӣ, Заҳириддини Форёбӣ дар ҳамин ҳавза тарбият гирифтаанд.
Инак, ба вазъи умумии шеър ва сабки шуаро дар асрҳои ХІ-ХІІ ошноӣ пайдо кардем ва алҳол мушаххасоти сабкии назми ин асрҳоро, ки ба аҳди Ғазнавиёну Салчуқиён иртибот дорад, ба таҳлилу таҷзия мекашем. Маълум мешавад, ки сабки шеър дар асрҳои ХІ-ХІІ дар се самт пеш рафтааст.

  1. Идомаи сабки хуросонӣ. Ин сабк дар аҳди Ғазнавиён пурра имтидод ёфта ва дар давраи Салчуқиён низ баъзе пайравони худро пайдо кардааст.
  2. Сабки байнобайн, ки онро сабки давраи Салчуқӣ низ мегўянд.
  3. Сабки Озарбойҷонӣ.
    Дар давраи Ғазнавиён сабки Хуросонӣ идома дошт, вале дар қиёс бо давраи Сомониён ба баъзе тағйирот рў ба рў омада буд. Масалан, аз назари забон дар ин давра шоирон бештар луғати арабиро ба кор бурдаанд ва баръакс истифодаи калимоти қадими форсӣ камтар шудааст.
пешина
аз 500
навбатӣ