Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

САБКИ ШЕЪР ДАР АСРҲОИ ХІ-ХІІ
(Ин мақола барои китоби дарсии
«Таърихи адабиёт» таълиф шудааст)

Дар асрҳои ХІ-ХІІ шеъри форсӣ дар давраи авҷу такомули худ қарор гирифт. Бо он ки салтанати Сомониён аз байн рафта ва ҷои онро Ғазнавиён гирифтанд ва эшон ба илали туркнажод будан табиист, ки ҳаргиз он муҳаббату шавқи Сомониёнро дар роҳи ташвиқ ва тарвиҷи забон ва адаби форсӣ надоштанд. Бо вуҷуди ин, азбаски парвардаи хонадони Сомониён буданд ва аз фарҳанги беназиру волои онҳо солиёни зиёд баҳравар, зарурати нигаҳдорӣ ва парастории уламову удаборо дар дарбори худ ба хубӣ эҳсос карданд ва бидуни қасду хоҳиш ба рушду густариши илму адаб роҳ кушоданд.
Мусаллам аст, ки ҳар давраи таърихӣ тағйироте дар тафаккури ҷомеа ворид мекунад ва ба сари қудрат омадани Ғазнавиён бо он ки сиёсат ва афкори ҷомеаро ба самти дигар кашид, сабки адабӣ дар ин аҳд ҳанўз дучор ба тағйироти шадид нашуда буд. Шуаро сабки аҳди Сомониро асосан идома бахшиданд ва ҳарчанд ки дар асри ХІ тақрибан 164 шоири форсизабон арзи ҳастӣ кардаанд ва то замони мо ҳудуди 164 593 байт («Шоҳнома» дар ин ҳисоб нест) аз онҳо расидааст, ин абёт шавоҳиди идома ва тақлиду татаббўи сабки Сомониён аст. Аз шоирони соҳибсабки ин замон шоири маддоҳ Унсурӣ, шоири ғазалпардозу тағаззулгўй Фаррухӣ ва шоири мубтакири мусаммат Манучеҳри Домғонӣ буданд.
Дар давраҳои баъд, ки Салчуқиён ба сари қудрат омаданд, дар сабки шуаро тағйироти бештаре падид омад. Сабаби он тавсеа ёфтани ҳудуди Эрон ва аз Машриқи Эрон аз Хуросону Мовароуннаҳр ба самтҳои дигар, аз ҷумла Озарбойҷони Ироқ интишор ёфтани шеъри форсӣ буд. Ин тағйирот дар сатҳи забон (мавҷудияти зиёди вожаҳои арабӣ ва омезиши баъзе калимоти туркӣ), адаб (афзунии иғроқ дар мадҳ, вуруди ташбеҳоти хаёлӣ, санъатҳои нозуки адабӣ, ки аз ин пеш иштиҳор надоштанд) ва фикр (андешаҳои мазҳабӣ, вуруди ирфон, пайдоиши адабиёти сўфиёна ва ғайра) ба вуҷуд омад ва бадеҳист, ки муҳити ҷуғрофӣ, забону лаҳҷаҳои он, вазъи сиёсию адабии ҳар ҳавза хусусиятҳои муштаракеро ба бор овардаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ