Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Гуногунуслубӣ ва як навъ парокандагиву адами дастгоҳи махсуси таҳлили сабки нависандагон ин шогирдро ба он водор кардааст, ки дар шинохти табиати сабк кўшиш намояд ва қонунияти дохилии онро омўзад. Ҳосили андешаҳои ў ба хулосае овард, ки сабк маҷмўи аносири шакл ва мундариҷа дар иртибот бо ҳамдигар аст. Агар дар вусъати шакл хусусиятҳои забон, тартибу таносуб ва ҷузъиёти бадеӣ қарор гирад, дар бунёди мундариҷа мавзўъ, ғоя, ҳадаф, ҷаҳонбинӣ ва масоили амсоли он ҷой доранд.
Яке аз масъалаҳои муҳими адабиётшиносӣ муайян кардани танаввўъ ва хусусиёти ҷараёнҳои услубии насри муосир аст. Барои муайян кардани ҷараёнҳои услубӣ зуҳури чаҳор унсури услубсозро бояд ба эътибор гирифт:
- Тарзи тафаккури бадеӣ; 2. Ҷинси асар; 3. Жанри асар; 4. Рўҳия ва ғояи асар.
Аз рўи тарзи тафаккури бадеӣ ду ҷараёни услубӣ ба мушоҳида мерасад: ҷараёни романтикӣ ва ҷараёни реалистӣ.
Айнан ҳамин ду ҷараёнро устод Шакурӣ низ дар асарҳояш таъкид кардааст. Ба қавли ў «ин ду равияи услуб дар насри ҳозираи тоҷик зидди якдигар, аз якдигар ҷудо ва дур нест, балки ду шакли ифода шудани як ҳодиса аст, ки моҳияти онро кўшиши ҷиддӣ дар роҳи тадқиқи амиқи иҷтимоиву фалсафӣ ва фарогирии вусъатноки воқеият ташкил менамояд» (1, 333).
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки устод М.Шакурӣ ҳини шинохти ҷараёнҳои услубӣ маҳаки таснифро тарзи тафаккури бадеӣ ҳисобидааст. Пайгирии ин нукта ва идомаву тақвияти ин тарзи тасниф ба дарки мавҷудияти аносири дигар низ водор мекунад.
Ба ҳайси воҳидҳои услубӣ, чунонки ишора шуд, забон, тарзи ҷойгир шудани мавод ва аҷзои бадеӣ шинохта шудаанд.
Хеле муҳим аст, ки хусусиятҳои овоӣ ва наҳвии асар ҳини таҳлил ба назар гирифта шаванд. Луғоту таркиботи пуркорбурд низ аз нишонаҳои муҳимтарини услуби нависанда аст. Дар мавриди устухонбандии аҷзои асар вақту фазо ва иртиботи онҳо бо воқеапардозӣ эътибори зиёд пайдо мекунад. Чунончи, агар дар асарҳои баъзе нависандагон сужети асар аз авҷи воқеа (масалан, аксари асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев) шурўъ шавад ва хати вақт низ аз нуқтаи ист ба ақиб ҳаракат кунад, дар асарҳои бархе адибони дигар сужет аз тафсилоти рўзгори қаҳрамони асар ва пайдоиши низоъ оғоз ёфта, баъдан батадриҷ бо рабт, инкишоф, авҷи воқеа ва гиреҳкушо ба анҷом мерасад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо