Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Муҳаққиқи хуб, пеш аз ҳама динамикаи дохилии асар, эҳтироси ботинии тасвирҳо, муносибати зоҳиран ноаёни муаллифро ба персонажҳо ва умуман ба зиндагӣ, самимият ё сохтакории овози ўро дарк мекунад. Ва маҳз ҳамин идроки аносири нуҳуфтаи адабиёт ҳунари муҳаққиқро падид меорад. Тавонмандии устод Шакуриро ба ҷуз таҳлили муфассали хусусиятҳои сужету устухонбандӣ, мавзўъву ғоя, характеру тип, забону образҳо ва поэтикаи асар дар ҷамъбастҳои умумӣ роҷеъ ба вежагиҳои услубӣ метавон эҳсос кард. Масалан, таҳлили асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев бо хулосаи зерин анҷом меёбад: «Бояд гуфт, ки умуман бофти каломи Муҳаммадиев, заминаи нақлу тасвири вай аз ҷиҳати таркиб хеле гуногун аст – аз ҳаҷв ва юмор, лиризму публитсистика, аз шаклҳои мухталифи тадқиқи бадеӣ ба ҳам омадааст. Нависанда баъзан озодона аз яки онҳо ба дигараш гузаштааст ва баъзан якчанди онҳоро ба ҳам омезиш дода, дар як кулли воҳид ҷамъ овардааст…» (1,185).
Коре, ки аз ҷониби устод М. Шакурӣ дар шинохти хусусиятҳои умдаи насри тоҷикии асри ХХ анҷом ёфт, самтҳои густариши наср ва ҷодаҳои судманди таҳқиқи онро таъйин намуд. Шогирдони эшон ҳар кадом мувофиқи завқу қудрати худ дар баррасии ин самтҳо қувва озмуданд, ки дар ин миён тадқиқоти пурарзиши А. Набиев роҷеъ ба психологизми тасвир дар наср, вуруди устура ба насри тоҷик ва вежагиҳои ин навъи наср дар навиштаҳои А. Раҳмонов, насри таърихӣ ва махсусияти он, марҳалаҳои услубии насри форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХІІІ дар пажўҳишҳои Н. Салимов, хусусиятҳои жанри ҳикоя дар ҷусторҳои Ш. Солеҳов, хусусиятҳои сабки фардӣ ва ҷараёнҳои услубии насри муосир дар рисолаи муаллифи ин сатрҳо номгўи нопурраи осори илмиест, ки ҳосили илҳом ва баҳрабардорӣ аз таълифоти устод мебошад.
Масъалаи асосии баҳси мақолаи мазкур – шинохти сабки осори адибони муосир дар рисолаи «Масъалаҳои сабки фардӣ ва ҷараёнҳои услубии насри муосири тоҷикӣ» (солҳои 70-ибтидои 90-ум) таваҷҷўҳи ин ҷонибро аз паҳлуи дигар ба сўи худ кашидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо