Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Яке аз корҳои муҳимтарине, ки бо дасти устод М. Шакурӣ ба субут расонида шуд, баррасии ташаккул ва таҳаввули асосҳои реалистии насри тоҷик буд. Дар заминаи ҳамин метод густариш ёфтани ду шохаи асосии услуб – романтикӣ ва реалистии сирфро муҳаққиқ дар мисоли асарҳои Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ф. Ниёзӣ, Ҷ. Одина ва дигарон санҷида, вобаста ба хусусиятҳои ҳар асар дар маҷмўъ дар бораи сабки инфиродии ҳар адиб хулосаҳои саҳеҳ мебардорад. Ў ҳаргиз бедалел қалам намеронад. Дар ҳама маврид аз паи хулосаҳои назарӣ таҳлил ва натиҷагирӣ ба чашм мерасад.
Чунончи, дар насри реалистии тоҷик устод ду равияро ба мушоҳида гирифтааст. Ба фикри ў, эҷодиёти Айнӣ ва Икромӣ ба равияи романтикии услуб тааллуқ дорад. Муҳимтарин хусусиятҳои сабки ин ду адиб пурқувват будани ҷанбаи субъективӣ, нақли пурҳиссиёт ва ҳаяҷонангез, майлу рағбат ба сужетҳои тезутунд, унсурҳои ҳангомаписандӣ, тасвирҳои асрорангез, драматизми психологӣ мебошад.
Ҷараёни услубии реализми сирф дар адабиёти тоҷик аз асарҳои Ҳаким Карим шурўъ шуда, дар асарҳои Пўлод Толис, Юсуф Акобиров, Муҳиддин Хоҷаев, Ҷумъа Одинаев, Сорбон, Ўрун Кўҳзод таҳаввул пазируфт ва хусусияти муҳимтарини он пурқувват шудани асоси объективии тасвир буд. Насри Сотим Улуғзода намунаи равшантарини равияи реализми сирф дар адабиёти мо мебошад. Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки маҳз хусусиятҳои фавқуззикр нишони услуби романтикӣ будааст.
Фардияти эҷодии ҳар нависанда бо вуҷуди он ки дар ҳар асар ба тариқи гуногун зуҳур мекунад, дар маҷмўъ ба ҳамаи асарҳо ягонагӣ ва умумият мебахшад. Ҳамин мушаххасот ва ҳамин умумиятро ёфтан аз адабиётшинос ба ғайр аз воқиф будан аз усулҳои таҳлили асар фитрати ҷибиллии хосеро тақозо дорад, ки бидуни он ҳар навишта хушку нолозим хоҳад монд. Чун адабиётшиносӣ дар қиёс бо улуми дигар бо лаҳазоте кор дорад, ки тавассути сухан бадеият пазируфтаанд ва он лаҳазоти зинда аз дилу диди нафаре мунъакис шудааст, ҳаргиз намешавад барои ҳамаи асарҳо як қолабу қоида ба кор равад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо