Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Таҳқиқи ҷараёни романтикии услуб ва ҷараёни услубии реализми холис, ки дар насри муосир ба назар мерасад, барои дарёфти қонуниятҳои зиёди адабиёт роҳ кушод.
Яке аз хусусиятҳои ҷолиби таваҷҷўҳи тадқиқоти М. Шакурӣ дар он аст, ки ў роҳи инкишофи насри муосири тоҷикро бо нигоҳи борикбин ба муоина гирифта, дастоварду норасоиҳоро якҷоя таҳлил мекунад. Ба назари мо, муаллиф дуруст мешуморад, ки яке аз камбудиҳои насри баъди солҳои 70- уми садаи бист ба назар нарасидани нигоҳи нав ба зиндагӣ, ҷустуҷўҳои нави ғоявию эстетикӣ ва равияҳои тозаи услубист.
Воқеан ҳам, маҳз ҳамин норасоӣ боиси он шуд, ки дар як идда асарҳои насри муосири тоҷикӣ амиқрафти ҷиддии фаҳмиши иҷтимоиву фалсафии замон ба даст наомад, дар инкишофи жанриву услубии наср то андозае якрангӣ падид омад, асарҳои насри андеша шаклан ба ҳам монанд шуданд, гуногунии шаклу воситаҳои бадеӣ рў ба таназзул овард.
Таҳлили жанри повест муҳаққиқро ба натиҷае расонид, ки «роҳи инкишофи он хеле тўл кашид ва ба тадқиқи роман нагузашт. Ғайр аз ин, дар повести ҳозираи тоҷик тадқиқи тасвирӣ бештар мавқеъ дошта, ҷанбаи таҳлилӣ ҳанўз нисбатан суст аст. Нависандагон ҳодисаҳои муҳими зисту зиндагонӣ ва равандҳои асосии иҷтимоиро нишон медиҳанд ва аз чанд ҷониб ба тадқиқ мегиранд, вале дар бисёр мавридҳо амиқ таҳлил намекунанд, аз фикру мулоҳизаҳои ҷиддӣ, аз кўшиши ҷамъбаст худдорӣ менамоянд.
Аз ҳамин сабаб дар баъзе повестҳо тасвири манзараҳои зиндагонӣ ва рафтори инсон то андозае тасвири урён буда, гоҳо дар зимни он як фикри муҳим ва амиқ, як хулосаи ҷиддии ҳаётӣ, як назари вусъатнок ба воқеият дида намешавад»
(1, 197).
Кўшиши М. Шакурӣ дар роҳи ҷамъбаст намудани таҷрибаи насрнависони тоҷик аз лиҳози ҷустуҷўҳои адабӣ дар роҳи зоҳир кардани баъзе қонуниятҳои асосии инкишофи насри ҳозираи тоҷик ва махсусиятҳои миллии он қобили дастгирӣ буд ва маҳз ҳамин хусусияти навиштаҳои эшон имкон дод, ки як идда муҳаққиқони насли нав роҳу усулҳои таҳлили ўро биёмўзанд ва пайравӣ намоянд.

пешина
аз 500
навбатӣ