Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба назари мо он нукта хеле ҷолиб ва омўзанда аст, ки устод ҳамеша ҳар асарро дар яклухтии том шинохта, ҳини таҳлил низ ҳамин ҳамбастагии аҷзои асарро бо хусусиятҳои ғоявии он ва ҷаҳонбинии адиб аз мадди назар дур намекунад.
Дар монографияҳои «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ», «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ», «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Насри солҳои 1945-1974», «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» унсурҳои забон дар иртибот бо мундариҷаи ғоявию бадеиии асар якҷоя ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Аз ҷумла, дар ин асарҳо махсусияти умумии насри муосири тоҷикӣ, аз қабили:
а) шахсияти муқтадиру зўрманд будани қаҳрамони мусбати асарҳо; б) обу ранги дидактикӣ ва майлу рағбат ба панду ҳикмат; в) иҳомомезӣ, эҳсосмандӣ, дарки пурҳаяҷони воқеаҳои зиндагӣ ва ғайра таъкид шудаанд.
Муҳаққиқ кўшиш кардааст, ки масъалаи гуногунии шаклҳои тасвир, таҷаддуду такомули услубии наср, яъне, сифатҳои нав пайдо кардани услубро дар иртибот бо ҷустуҷўҳои эҷодии нависандагон вобаста ба таҳаввули жанрҳо ба миён кашад. Масалан, ҳини таҳлили жанри повест ў ба натиҷае мерасад, ки ин жанр дар адабиёти тоҷики солҳои 60-уми садаи бист ва баъди он хеле ривоҷ ёфт ва аз лиҳози истифодаи адибон дар навбати аввал қарор гирифт. Масалан, дар инкишофи анвои жанри повест вобаста ба ҳар навъи он ва талаботи жанр махсусиятҳои услубии он зуҳур карданд. Дар повести иҷтимоии маишӣ низои характерҳо, дар повести лирикӣ пурзўр шудани мабдаи субъективӣ ва суст шудани сужет, дар повести публитсистӣ тавонманд шудани мавқеи шаҳрвандии адиб, дар повести ҳангомаписандӣ тезутундии сужет, дар повести илмии фантастикӣ хаёлбофии дур аз воқеият ба назар мерасад.
Хулосаҳои М. Шакурӣ дар бораи насри реалистӣ ва хусусиятҳои он, дар бораи услуби фардии нависандагон ва ҷараёнҳои услубии насри муосири тоҷикӣ барои омўзиши паҳлуҳои гуногуни адабиёти баъдиинқилобии тоҷик заминаи муҳиме фароҳам оварданд.

пешина
аз 500
навбатӣ