Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аз рисолаҳои устод Айнӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев сар карда то навиштаҳои Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, С. Табаров, Р. Ҳодизода, Р. Амонов, А. Сайфуллоев, Х. Шарипов, Л. Демидчик, Н. Салимов, А. Набиев, М.
Раҷабӣ ва дар риштаи забоншиносӣ асарҳои Р. Ғаффоров, Б.
Камолиддинов ва дигарон фарогири нукоти муҳим роҷеъ ба услуби осори бадеӣ мебошанд.
Таҳқиқи услуби бадеӣ ва равияҳои он дар насри тоҷикии асри ХХ як самти ковишҳои судманди устод Муҳаммадҷон Шакуриро ташкил медиҳад. Воқеан, ҳақ ба ҷониби эшон аст, ки «ҳоло гуногунии сабку услуб ва шаклу воситаҳои бадеӣ торафт афзуда истодааст ва ин ҳам яке аз нишонаҳои камолоти реализм мебошад» (1, 333).
Аз монографияи нахустини эшон «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» (Душанбе, 1966) сар карда, фаслҳое бо унвони «Услуби эпикӣ, услуби лирикӣ ва услуби илмии публитсистӣ», «Тақлиди услуб дар ҳикояи «Духтари ноком» ҷойгузин гаштаанд, ки таваҷҷўҳи муҳаққиқро ба ин мавзўи пурғунҷоиши адабиёт нишон медиҳанд. Дар ин асар бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик хусусиятҳои услубии асар дар иртибот бо мухтассоти жанрии он ба доираи таҳқиқ кашида шуда, жанр ба унвони яке аз муҳимтарин унсурҳои услубсоз тавсиф ёфтааст. Ҳамин андешаи муҳим минбаъд маҳаки асосии шинохти вежагиҳои услуб дар асарҳои устод Шакурӣ гаштааст.
Мавҷудияти се тарзи асосии тасвир: услуби эпикӣ, услуби лирикӣ ва услуби илмии публитсистиро дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ батафсил шарҳ дода, М. Шакурӣ ин падидаро бо хусусиятҳои жанрии асар пайвастааст. Устод бо дақиқнигарии мўшикофона ҷузъиёти услубиро дар маҷмўъ ба ҳам пайваста, чун вежагиҳои услуби Айнӣ ба қалам медиҳад.
Ба қавли ў, «агар моҳияти услуби Айниро ба таври умумӣ бо ду калима муайян карданӣ шавем, мумкин аст гуфт, ки дар услуби Айнӣ кўшиши ҳарчи васеътару амиқтар фаро гирифтани воқеият ва тадқиқи иҷтимоию фалсафӣ бо тасвирҳои ҳаяҷономез ва рангину пуртаъсир, бо унсурҳои романтизми классикии тоҷик ба ҳам омадааст» (1, 219).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо