Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

УСТОД МУҲАММАДҶОН ШАКУРӢ ВА
МАСЪАЛАҲОИ ШИНОХТИ САБКИ
НАВИСАНДАГОНИ АСРИ ХХ
Асри ХХ бо ҳамаи тағйироти кулливу ҷузъӣ, ки дар сиёсату иҷтимоъ ва ҳунару адаб ба вуҷуд овард, дар тафаккури бадеии эҷодкорон низ нақши бориз боқӣ гузошт. Мусаллам аст, ки маорифпарварӣ ва ҷадидия дар сабку равиши эҷодӣ равандҳои хоси худро доштанд. Аз ҷониби дигар, бознигарии насли нав ба арзишҳои суннатии адабӣ дар оғози қарни ХХ ба рушди танаввўи услубӣ дар назму наср мусоидат кард. Пайдоиши анвои нави адабӣ бо имконоти густурдаи таснифоти дохилии онҳо боиси тарвиҷи шеваҳои баён ва сабку салиқаи гуногуни адибон шуд. Тавлиди шеваҳои тозаи нақди адабӣ ва сухансанҷӣ дар давраи маорифпарвариву ҷадидия ва даҳсолаҳои аввали баъди инқилоб мақолотеро рўи кор овард, ки дар шинохти услуби адибон таҳлил ва хулосаҳои тозаи илмӣ пеш гузоштанд.
Шеваҳои таълифи қудамо ва усулҳои таҳлилу нақди онҳо, ки дар китобҳои донишмандони даврони пешин, аз он ҷумла «Тарҷумон-ул-балоға»-и Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ, «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-и Рашидаддини Ватвот, «ал-Мўъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Дақоиқ-уш-шеър»-и Тоҷ-ал-Ҳаловӣ, «Бадоеъ-ул-афкор»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ул-уюн»-и Муҳаммад ибни Маҳмуди Омулӣ ва хеле густурдатар аз дигарон дар «Расоил-ул-эъҷоз»-и Хусрави Деҳлавӣ ва «Дастур-ул-котиб»-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахчувонӣ баён шудаанд, бо вуҷуди ҳифзи арзишҳои муҳими худ, дар замони нав ба унвони меъёрҳои сухансанҷӣ наметавонистанд дастгоҳи комил бошанд. Бинобар ин, зарурате пеш омад, ки анвои адабии нав ва дар иртибот бо онҳо сабку салиқаи нависандагон тибқи ибтикороти адабӣ ва назарсанҷиҳои ҷадид омўхта шавад.
Бо такя бар осори пурмояи қудамо ва бо назардошти масоили тоза дар асри ХХ дар адабиётшиносии тоҷик мақола ва рисолаҳои зиёде рўи кор омаданд, ки ҳар кадом дар пажўҳиш ва шинохти услуби осори бадеӣ ва марҳилаву равандҳои он ҳарфи наве афзуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо