Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин усули таҳкия дар ҳикоёти қаблии Баҳмаёр низ ҷо-ҷо мушоҳида мешуд, чунонки дар маҷмўаи «Сармаддеҳ», ки нигоранда онро барҳақ романи модерн меҳисобад. Нависанда худро яке аз аҳли Сармаддеҳ медонад ва гоҳ-гоҳ худаш низ иштирокчии фаъоли ҳодисаву рўйдодҳо мешавад. Чунончи, дар ҳикояи «Пайғамбари беуммат» мегўяд:
«Каминаи камтарин – Баҳманёр, муаллифи ҳамин қисса ва қиссаҳои дигар. Зодаи Сармаддеҳ, миллияташ сармаддеҳӣ, нав бистро пур карда, ба бисту як қадам мондааст». Иштироки бевоситаи ўро дар дигар қиссаҳо, масалан, «Санг ва сабў»
низ мушоҳида мекунем: «Аммо бобои Баҳром ба риши дар осиёб сафед нокардаи худ қасам мехўрад, ки бофтану сохтан кори Баҳманёр асту воҳимаву муболиға кори Холдори Чилдурўғ». Гоҳе нависанда аз номи қаҳрамонон назари худро ба масоили иҷтимоиву маънавӣ баён медорад, мисли ин ки Мулло Бухоризода роҷеъ ба осори Мавлавӣ, ки таълими он дар мактабҳо мамнўъ буд, дар ҷое мегўяд: «Чаро бузурге чун Ҷалолиддини Балхӣ таълим дода намешавад: ба хотири сўфӣ буданаш ё ба хотири «Қуръони паҳлавӣ» навиштанаш? Гумон мекунам, шоире чун ў одамонро аз қолаб мебарорад. Одамони қолабшиканро идора кардан душвор аст. Ҳар лаҳза тавтиае аз эшон нигарон мебояд буд. Хайёму Хоҷаи Шерозро таҳриф метавон кард ва шоири сурх ҷилва дод, аммо «Қуръони паҳлавиро» на» («Номаи Мулло Бухоризода») Ҳамин тариқ, ба назари мо, унсурҳои фавқуззикр, ки дар ҳикоёти Баҳманёр қаблан гоҳ-гоҳ вомехўрданд, дар «Кадхудо»
хеле равшан падид омада, гардиши наве дар тамоюли услубии нависанда эҷод намуданд ва минбаъд ин таҷриба роҳро барои таълифи «Шоҳаншоҳ» ҳамвор намуд.
Соли 2015

пешина
аз 500
навбатӣ