Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гоҳе нависанда таъбирҳои худэҷоде мисли «рўзномаи кўчабоғӣ», «мирбачаи навпайдо» ва ғайраро низ бамавқеъ ба кор бурдааст. Барои ифодаи ҳолот ва эҳсосоти персонажҳо вожаҳои «лоқайдона», «хушҳолона», «оромона», «пурсадо», «бепарво», «нобовар», «тунд», «норизо», «бо зарда», «бо сурур», «бо ғазаб», «хурсандона», «бо лабханд», «беибову беҳаё», «бефарқ» хеле муассир омадаанд. Дар ниҳояти ҳикоя ду нафар – зану шавҳаре, ки комилан назари мутафовит ба зиндагӣ доранд, дар дарки моҳияти ҳаёт муттафиқ мешаванд ва адами шодмониро дар зиндагӣ тавассути дубайтии зерин ифшо мекунанд:
Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Дар ин гетӣ саросар ар бигардӣ, Хирадманде наёбӣ шодмона.
Зиндагӣ бебақост, бинобар ин, хирадманде дар он шодмон нест ва нашояд ба андўхтаҳои моддӣ ифтихор кард – ин маъниро ҳамсари кадхудо, ки умре дар канори ў ва дур аз ҷаҳони маънавии ў зистааст, дармеёбад.
Ҳамин тариқ, дар ин ҳикоя як ҳикмати маъмули «дил ба дунё набастан», «пурғам будани дунёи фонӣ» бо истифода аз усулҳои наву нотакрори тасвир ва унсурҳои бадеии номаъмул ва сохту мундариҷаи ғайриодӣ, нигоҳи танзомези ровӣ ба инсону ашё, лутфҳои намакин ва танзи тунд ба зеҳни хонанда расонида мешавад. Агар дар назар бигирем, ки дар романи «Шоҳаншоҳ» низ ҳамин тарзи тасвир – ба ҳам пайвастани тахайюлу рўъё бо ҷузъиёти воқеии тасвир ва тамоми аносири бадеии фавқуззикр дар хати аввали сужаи он (роман ду хати сужа дорад, ки яке баста ба замони муосир ва, дигаре, ба таърихи қадим аст) ба мушоҳида меояд, метавон натиҷа гирифт, ки «Кадхудо» – зинаест барои расидан ба «Шоҳаншоҳ». Як сабаби то имрўз ба хубӣ таҳқиқу баррасӣ нашудани ин роман ҳам дар мушкилии бозшинохти ҷаҳони маънавии персонажҳои нимвоқеиву нимтахайюлӣ, тасвирҳои шигифтангез, фошгўиҳои бесобиқа, забону нигоҳи танзомез, муҳовараҳо ва ҳикоятҳои канда-кандаи ғайримаъмулӣ аст.

пешина
аз 500
навбатӣ