Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ҳамин ки духтар дур шуд, ман ба ту дарафтодам: «Аҳа, пеши дигарон булбул, пеши ман кўри бум!»
Нависанда ба масъалаҳои иҷтимоии зиндагӣ низ ноаён таваҷҷўҳи моро мекашад. Дар «Хонаи эҷодкорон»-и Панҷекат, ки бўстонсарои ҳокими собиқи вилояти Суғд буд, аз эҷодкорӣ ному нишоне нест. Харакҳои рўи ҳавлиро шикастаанд ва касеро ба ин ҳол коре нест. Ё худ аз Тоҷикистон аксари русҳо рафтаанд ва ҳамсояҳои рус доштан истисност. Дар достонҳояш ў аз метрои Маскав, ҳамсояи русаш, геологи муйсафед Геннадий Павлович, хонуми нозанини майдони Арбат, актёри рус Андрей Мироновро ёд мекунад. Бо ворид шудани ҷузъиёти марбут ба Русия дар ҳикоя вожаву таркибҳои русии «издрасти», «телек», «пожар», «редаксия», «фальшивка», «сигарет», «привет», «подъезд», «эшелон» ва гоҳе ҳатто ҷумлаҳову мусоҳибаҳоро низ ба ин забон мушоҳида мекунем. Чунончи, Геннадий Павлович мегўяд: «Извините, пожалуйста, я думал, Вы раис, оказывается, Вы тоже муаллим». Ё дар майдони Арбат ба духтари нозанини сурхпўш мегўяд: «Девушка, Вы прекрасны как утренняя заря» ва дар посух мешунавад: «Спасибо, никогда не слышала более прекрасного комплимента».
Аммо истифодаи ҷумлаву вожаҳои забони русӣ забони ҳикояро заифу нохушоянд накардааст, баръакс намаку ширае ба он бахшидааст ва дар айни ҳол, тасаллути комили нависанда бар забони модарӣ аз матни асар, хусусан аз истифодаи вожаҳои нодиру зебои «малҷо», «насвон», «пасхам», «вотохт», «бистароҳанг», «обшанг», «обтанӣ», «заранг», «кавдан», «кобус», «болодимоғӣ», «баҳорбанд», «паймоннома», «хонаандар» ва ғайра ба хубӣ эҳсос мешавад. Дар баробари ин, зарбулмасалу мақолҳои «худам шоҳу табъам вазир», «бадкарда пушаймон, нокарда дар армон», «сар раваду сир наравад», «аспи масти ғозӣ дар оғили танги қозӣ», гузашта аз ин, таъбирҳои халқии «як пиёла таги бинӣ задан», «чашмро хато карда кореро баҷо овардан», «тору пуди касеро омўхтан», «набинаму насўзам», «рўяшро мурдашў бинад», «хоби зан чаппа», «дар хона мағор бастан», «нозанини каснадиду гўшношунид», «ба фалах кашидан розӣ мешаваду ба ин кор не», «ҳаво гирифтан» ҳам забони асарро аз якрангиву якмаромӣ раҳо намудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо