Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Соатҳо сериалҳои Амрикои Лотинро бефарқ тамошо кардан, бо ҳамсояҳо лаққидану бар асари сўҳбат бо онҳо дигар шудани авзои ҳамсараш, вақту новақт ба сари шавҳар бо арбадаву истинтоқу нозу адоҳо омадани ў, орзуи соҳиб шудан ба гарданбанди алмос ё сагчаи зебои сафед – ин ҳама хислатҳои муқаррарии занон аст, ки нохудогоҳона бо лабханде мутолиа мекунӣ ва аз пайдо кардани чунин ҷузъиёти нозуки бадеӣ завқ мебарӣ. Нигоҳи сода ва танзомези ровӣ, ки ба ҳамаи рўйдодҳо ноаён дўхта шудааст, дар маҷмўъ ба ҳикоя як ҷозибаи вежа бахшидааст.
Аз тасвири лаҳзаҳое, ки гўё дар хотираҳои ҳамсараш зинда шудаанд ва иртибот бо ў доранд, ҳамин нигоҳи танзомез боз ҳам амиқтар ба мушоҳида мерасад: «Ёд дорӣ, бо қатора мерафтем, дар метрои «Майдони Ленин» духтаре савор шуд бо пўстини пўсти рўбоҳ, каллапўш ва мўзааш низ аз пўсти рўбоҳ, ҳама ўро менигаристанд бо ҳавас, танҳо ту будӣ, ки сар рўи рўзнома хам карда будиву намебардоштӣ! Ман тоқат наёвардаму гуфтам: «Баҳманҷон, бубин, чӣ қадар зебост!» Ту як ба ун духтар нигаристӣ, боз рўи рўзнома сар хам кардӣ.
Ман гумон бурдам дуруст мутаваҷҷеҳ нашудӣ. Боз аз остинат кашидам. «Чӣ, магар надидӣ, мўъҷиза!» Ту боз сар бардоштӣ, он занро сартопо барандоз кардӣ ва гуфтӣ: «фальшивка, аз даҳ рўбоҳ як рўбоҳ сохтаанд!» Дуртар аз мо хандаи сақфгир баланд шуд – чанд афғон моро гўш мекардаанд».
Аммо маълум мешавад, ки қаҳрамони асар на ҳамеша хунсарду бетафовут, ба қавли занаш «яхчол», балки гоҳе ҳассосу хушсухан – «булбул» ҳам мешудааст, ки инро низ аз нақли хотироти ҳамсараш метавон пай бурд: «Ёд дорӣ, як рўзи боронӣ дар майдони Арбат сайругашт доштем, баногоҳ рўбарўи мо духтаре омад, сартопо сурх пўшида: каллапўш сурх, палто сурх, шарфи гардан сурх, мўза сурх, болои ин чатр сурх, айнаки чашмаш низ сурх. Ту беихтиёр хитобидӣ: «Девушка, вы прекрасны как утренняя заря!» Духтар бо лабханди малеҳе ҷавоб дод: «Спасибо, никогда не слышала более прекрасного комплимента!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо