Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Гуфтам, ки агар ин корро кунад, номаш дар таърих мемонад!» Он гўшӣ боз сукут ихтиёр кард. Ман боз овоз баланд карданӣ будам, ки шунида шуд:
«Агар рафту бо ангезаи шумо ун хасиси мурда ин корро кунад, номи вай не, номи шумо дар таърих мемонад!»
Чи мегўед, ки Қодири Рустам ҳақ баромад: на китоб чоп шуд, на номи он «мирбача» дар таърих бимонд... на номи ман».
Агар ба сохти асар мутаваҷҷеҳ шавем, ин ҳамон усули ҳикоя андар ҳикоя аст, ки нависандаи мо дар идомаи суннати насрнигории пешин пайравӣ ва пешбарӣ мекунад, аммо ба сабки нав бо ворид намудани ҷузъиёти воқеӣ, бо хобу рўё ва латифаҳои ширину намакин. Агар дар «Сармаддеҳ» ҳикоя андар ҳикоя омада ва мисли ин, ки тасвире аз кураи замин гардонида шавад, даҳҳо нафар персонажҳои он батадриҷ ба ҳайси қаҳрамони асосӣ як-як пеш кашида шаванд ва боз оҳиста ба соя раванду аз назар дур гарданд, дар «Кадхудо»
дар ҳудуди як ҳикоя 10-15 лавҳаи хурд канори ҳам омада, ҳар кадом барои равшан кардани матлабе истифода шудааст. Ин матлабро, масалан, зимни яке аз он лавҳаҳо метавон таъйид кард: «Ёдам омад, ки дар Маскав вақте занам дар обшанг обтанӣ мекард, ман ба воситаи телефон бо Соҷидаи Мирзо ҳазлҳои намакину варақин доштам, – мо чун ду дўст беибову беҳаё ҳамдигарро вожгунаву ростгуна месохтем. Баногоҳ занам бо тани нимшуста дар бистароҳанг печида болои сарам ҳозир шуд: «Бо кӣ меҷакӣ, ин қадар аз даҳонат шаҳду шакар мечакад?» «Бо Хурмои Ширин!» – осема посух додам ман, бехабар аз он ки ун бечора чанде пеш аз олам даргузашта будааст, занам инро медонистааст...»
Қаҳрамони асар ба ҳама кас ва ҳама чиз, ҳатто ба худаш ва зиндагиаш нигоҳи танзомез дорад. Танбокукашӣ, арақнўшӣ, занборагӣ, ки ин ҳамаро ў пинҳон намедорад ва як хусусияти ҳикояи мазкур ҳам ин аст, ки ровӣ ба мухотабаш гўё розу ниёзи худро ошкор мекунад ва ҳеч чизеро, ҳатто рафторҳоеро, ки ҷомеа зишт мепиндорад, аз ў пинҳон намекунад ва бо ин шеваи баён эътимод ва эҳтироми хонандаро касб мекунад.

пешина
аз 500
навбатӣ