Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

хонанда дар бозори Панҷекат ёд меорад:
«Нафаре сари роҳамро мегирад, тунд ба ман менигарад ва мегўяд:
– Қиссаатонро аз рўзнома хондам. «Тавсан дар қавсайн»
ном гузоштаед. Марҳамат намоеду бигўед, ин ба тоҷикӣ чӣ мешавад!
– Ба тоҷикӣ чӣ мешавад, намедонам, – ором посух медиҳам ман, – вале ба русӣ «Мустанг на аркане» мешавад.
Мард сари ин ибораи русӣ лаҳзае чанд андеша мекунад, баъд боз тундтар ба ман менигарад ва мегўяд:
– Магар содатар гуфта намешавад?
– Чаро не, – хушҳолона мегўям ман, – «Аспи масти ғозӣ дар оғили танги қозӣ».
– О, ҳамин тур ном гузоред, намешуд? Сари хонандаро бо тавсану қавсайнатон гаранг кардан шарт буд?!
Мард норизо боз чиҳое ғур-ғуркунон дур мешавад».
Хонанда эҳсос мекунад, ки ин мулоқот ва гуфтугў асоси воқеӣ дорад, аммо дар батни ин ҳикоя танҳо барои такмил додани образи қахрамони асар ба кор рафтааст. Зимнан ҷои таъкид аст, ки ҳикояи мавриди назар аз лавҳаҳои хурд-хурди нимвоқеиву нимтахайюлӣ мураттаб шуда, зоҳиран ёддоштмонанд аст.
Чунончи, ровӣ аз сўҳбатҳои телефонӣ бо дўстон ёдовар шуда, менависад: «Аз Алмаато ва Маскав моҳе як-ду раҳ телефон мешавад. Ёд дорам, ки боре Қодири Рустам аз Алмаато телефон кард ва баъди ҳолҷўӣ аз тақдири чопи китобам ҷўё шуд. Сухан аз «Сармаддеҳ» мерафт, ки инак панҷ сол аст омодаи чоп буд, вале ягон говҷигаре пайдо намешуд, то харҷи табъи онро ба гардан бигирад.
Ман хушҳолона ҷавоб додам: «Як савобҷўе пайдо шуд ва ваъда дод, ки китобро дар кўтоҳтарин муддат чоп мекунад!» «Кӣ?» – хурсандона пурсид Қодири Рустам. Ман номи як «мирбачаи навпайдоро» ба гўшӣ гуфтам. Дар он гўшӣ хомўшии дерёзе миёна зад. Ман нороҳат шудам: «Шунидед?» «Ҳа...» Ин дафъа овози ҳамсўҳбати ман бурротар ба гўш расид: «Бигўед, ки ба ин чӣ тур муваффақ шудед?»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо