Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар атрофи ин меҳвари ҳастӣ арбадаву мазҳакаҳои хонагӣ рух медиҳанд. Ҳамон рўзҳои бепулӣ буд, ки ман андарзе сохта будам ва рафиқонро хуш омада буд – дарде аз дарди бепулӣ дардноктар нест». Ин «арбадаву мазҳакаҳои хонагӣ»-ро нигоранда бо овардани чанд лавҳа аз муноқишаҳои худаш бо ҳамсараш шарҳ медиҳад. Чунончи, ҳамсар ба ў таъна мезанад, ки «барои попўш, рўпўш, шабпўш... пул надорӣ, барои заҳри зақум (арақ) меёбӣ!». Ё худ ў хоб мебинад, ки шавҳараш барояш як бағал садбарги нимвои сурхро бо гарданбанди алмос тўҳфа кардааст, аммо шавҳар баъди шунидани тафсилоти ин хоб коғазҳоро лоқайдона пеш мекашад ва мегўяд: «Хоби зан чаппа, азизи дилам, ҷиддӣ магир». Дар мавриди хоҳиши зан – харидории сагчаи сафед ҷавоби шавҳар боз ҳам шўхиомез, вале тунду дилозор аст: «Вай ба остини ман чанг зад: «Баҳманҷон, биё ҳамин сагчаро бихарем! Бубин, чӣ андоза аҷибаку ғарибак аст...» Ман як ба ў нигаристаму як ба сагча ва бепарво гуфтам: «Як сагчаи аҷибаку ғарибак дар хона дорам, агар дуто шуданд, оламро тагурў хоҳанд кард!»
Баъди ин занам чанд рўз бо ман ногап буду қаҳрӣ...» Дар ин суханҳои нависанда танз ҳам ҳаст, танзи талхи нодорӣ ва дар воқеъ мавзўи ҳар достони асил мафҳуме аст, ки достон дар бораи он навишта мешавад. Дарунмояи достон, ки гоҳо аз он фикри аслӣ ё мазмун ва ё паёми достон идрок мешавад, дидгоҳ ва ҷиҳатгирии нависанда аст нисбат ба мазўъи достон.
Як хусусияти ҷолиби ин ҳикоя дар он аст, ки хеле ҷузъиёти воқеӣ ворид шудаанд, масалан, номи нигоранда мисли тахаллуси худи адиб Баҳманёр аст, метрои Шукинский ё Майдони Ленини Маскав, зангҳои телефонии дўстон аз Алмаатову Машҳаду Прага, сўҳбатҳои телефонӣ бо Қодири Рустаму Соҷидаи Мирзо, сигарети «Марлборо» кашидани актери рус Андрей Миронов, муаллифи ҳикояи «Тавсан дар қавсайн» будани нигоранда ва ғайра гувоҳи онанд, ки дар ин асар ҳақиқати воқеӣ бо тахайюли бадеӣ даромехта, имкон надорад, ки онро ҷудо кунӣ. Чунончи, муаллиф аз гуфтугўе бо

пешина
аз 500
навбатӣ