Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз дуди тамбоку алерҷӣ дорад, лек чун балконро ба ихтиёри ман дода, ночор аст, бардошт бикунад. «Хасдуд мекунӣ, кўрдуд мекунӣ, бифармо, балкон!» Ин ҷо барои ў «балкон» аст, барои ман шаҳнишин». Каҷ-каҷ нигаристан, хоҳиши ҳарфи тунде гуфтани ў гувоҳи он аст, ки ровӣ ўро ба худ муқобил гузоштааст. Дар айни ҳол ў тавассути тасвирҳои бадеӣ хонандаро ба ҷаҳони ботинӣ ва тахайюли рангини худ мекашад: дуди сигор монанди лўлаи паровоз, ҳарфи талху тунди ҳамсар шабеҳи аспи тезтаке, ки сум мезанад, чароғпоя мешавад, ҷастан мехоҳад, вале лаҷомашро соҳибаш медорад, балкони тангу қафасмонанд дар назари ў «шаҳнишин» аст, зеро ин ҷо ў метавонад комилан соҳибихтиёру озод бошад. Тасвирҳои нависанда хеле зиндаву тасаввуршаванда ва ҳикоят аз зиндагии кунунии равшанфикрони мо доранд: «Аз дуҳули азиме, ки як дўсти ромишгарам тўҳфа карда буд, барои худ хонтахта сохтаам. Рўи он финҷони қаҳва ва як бўта (тагсигорӣ) дар сурати саги хуфта ҳадяи як дўсти дигарам – доимо мунтазири мананд.
Ҳамин ки аз хондан ё навиштан дилгир шудам, балкон мебароям. Тўли ним ё як соат ду-се сигор мекашам ва ду-се финҷон қаҳва менўшам, баъд боз мегардам ба саргармие, ки аз он безор шудаам – хондан ё навиштан». Хондан ё навиштанро нависанда «саргармии дилбазан» мегўяд, вале эҳсос мешавад, ки ин ҳарфи саризабонист, зеро дар асл ишқи ҷовидонии ўст, чун касе ўро барои ин кор маҷбур накардааст. Ин хоҳишу амри дили ўст, зеро аз гуфтаи модар дармеёбем, ки китоб барояш ба маротиб арзишмандтар аз ашёи дигари гаронбаҳост ва «орзусавор будан»-ро аз «ҷипсаворӣ» беҳтар медонад. Бинобар ин, ҳар гоҳ, ки бо худ будан мехоҳад, ба қавли худаш, «аз қафаса китоберо берун меораму ба утоқи кориам мегузарам, зеро инак се сол аст, ки одамҳои зиндаву олами равшани ман он ҷост».
Қаҳрамони Баҳманёр зоҳиран дар ғами молу манол нест, аммо чунон ки худаш ишора мекунад: «Масъалае, ки кадхудо гоҳу ногоҳ бо он бархўрд мекунад, ин будан ё набудани пул будааст.

пешина
аз 500
навбатӣ