Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ба қавли худаш: «Мешинӣ рўи пўстак ё кўрпачаи тунукастари бобоӣ (мо наврўзгор, диван-пиван надорем, агар рафту онро дар хонаи ёру ошно бубинем, ба он чун ба нишонаи атиқа менигарем), телек тамошо мекунӣ. Мехоҳӣ, китоб варақ мезанӣ – Худоро шукр, аз ин матоъ ман бениёзам (панҷ ҳазор нусха!), модарам мегўяд, ки танҳо одами аҳмақ ин қадар колои касмахар меғундорад, агар ба ҷои инҳо ашёи камёб мехаридӣ, чун рафиқони оқилат ҷипсавор будӣ, на орзусавор, худат ба ин катак – хонаи маро дар назар дорад
– дароӣ, китобҳоят берун мемонанд, агар китобҳоро дарорӣ, худат берун мемонӣ!
Мефорад, паси мошини чоп мешиниву «чиқ-чиқ» мекунӣ – ин истилоҳи духтари мо – Зарнигор, ҳар вақте шиносҳо дар берун аз вай пурсанд, ки «додот куҷост?», дастонашро насвон дода, гўё пианино менавохта бошад, мегўяд: «чиқ-чиқ!»
Агар сари ҳол набошӣ – кадхудо, ки шудӣ, ин ҳол гоҳу ногоҳ ба ту мепечад – меравӣ балкон, чашми занакро хато карда, мезанӣ як пиёла таги бинӣ ва пасон меоиву ба маснади худ чун сўфӣ дар хонақо ба «муроқибаву мутолиаи дарунӣ»
машғул мешавӣ ё ба мусиқие, ки танҳо худат мешунавӣ, танро насвон медиҳӣ». Аз ин порае, ки иқтибос шуд, метавон чанд нуктаро ба мушоҳида гирифт. Аввалан, нигоранда бо мухотаб гўё бо як дўсти дилогоҳу ҳаммаҳалли худ бо лаҳни гуворои халқӣ сўҳбат мекунад ва аз ҳикояти ў мо манзили хурди ўро пури китоб бо ҳамон пўстаку қўрпачаи тунукастари бобоӣ, бо мошини чопи қадимӣ тасаввур мекунем. Бохабар мешавем, ки ў соҳиби духтарчае бо номи Зарнигор ва ҳамсарест, ки ҳар лаҳзаи рўзгори ўро зери назорат гирифтааст ва ин корро вазифаи асосии худ медонад. Зимнан дар бораи ҳамсари ровӣ ва дилошно набудани зану шавҳар аз аввалин сатрҳои ҳикоя бохабар мешавем: «Тамоку дуд медиҳам. Дуд аз даҳонам чун аз лўлаи паравоз танўра мезанад. Занам каҷ-каҷ ба ман менигарад, шояд ҳарфи тезтаке нўги забонаш сум мезанад, чароғпоя мешавад, аз баҳорбанди даҳонаш берун ҷастан мехоҳад, магарам ба сахтӣ онро лаҷомгир мекунад, ки сухане намегўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ