Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар достон барои шаклгирии худ аз сохтор ва аносире ташкил мешавад, ки бо ҳунармандӣ ва халлоқияти достоннавис ба сурати як достони комил зуҳур ва намуд меёбад. Достоннавис бо кўмаки ин аносир ба офариниши пайкараи достон мепардозад. Сужаи достон бояд ҷолиб, гирову ҷаззоб ва бо қудрати дарку фаҳми мухотаб мутаносиб бошад. Ба тавре ки барои хонанда табиӣ ва қобили пазириш бошад, чунонки дар ағлаби достонҳои Баҳманёр мо ин нукотро эҳсос мекунем.
Маъмулан дар осори ҳамосӣ сужа дорои аносири зер аст: оғоз, гиреҳбандӣ, авҷ, гиреҳгушоӣ ва ғайра… Инчунин бунёд ёфтани асар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мавзўъ аз лиҳози сохторӣ монанди пайкаре мебошад, ки андомҳои достон ба он марбутанд ва рўйдодҳо ба таври мустақим ё ғайримустақим бояд ба наҳве ба он алоқа дошта бошанд. Вале дар даҳаҳои охир дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла дар баъзе навиштаҳои Баҳманёр низ аз қолабҳои маъмулии сужасозӣ убур мекунанд.
Воқеаву ҳодиса ва низоъ ҷои худро ба хобу рўъё ва андешаву тахайюл медиҳанд.
Қаҳрамони асари Баҳманёр худи нигоранда аст ва бо ҳамин ном – Баҳманёр дар достон омадааст. Ў рўзгорро дар танҳоӣ, бидуни рўйдодҳои пурмоҷаро ва зоҳиран якранг ба сар мебарад, вале дар паси ин оромиву сукут ва хомўшӣ хонанда ногуфтаҳоеро пай мебарад. Дар шахси ровӣ – қаҳрамони асар нафари дарвешхислатеро мебинем, ки ба танҳоӣ хў гирифтаву аз олами берун худро дур кашидааст, дар ғами дороӣ ё шўҳрат нест, муҳити созгоре барои худ сохтааст, ки он ҷо ҷуз худашу китобҳояш ва ҳузури ҳамсараш дигар барои касе ва чизе ҷой намондааст: «Як чиз аз рўз ҳам бароям равшантар аст – ман дар ин хона чун кирми абрешим андаруни пила бас маъво ва малҷои худро ёфтаам. Худам шоҳу таъбам вазир!». Ҷои амну паноҳгоҳро «малҷо» гўянд ва нигоранда низ аз ин муҳит, бо он ки худро шабеҳи кирм андаруни пила мебинад, хушаш меояд, зеро ин ҷо ў соҳибихтиёру озод аст, ҳар коре, ки дилаш мехоҳад, мекунад: телевизиор мебинад, китоб мехонад, асари нав менависад, ба фикр фурў меравад ё дар ҳавои мусиқии бесадо худ ба худ мерақсад.

пешина
аз 500
навбатӣ