Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳар ду нависанда дорои нерўи азими тахайюл дар сужасозӣ ва достонсароии шоирона ҳастанд. Таҷнису такрор ва дигар саноеи лафзиву маънавӣ, ки дар батни матни асари бадеӣ ба мушоҳида меоянд, бо тамоми ҷазаботу хушоҳангӣ гоҳе тозагии худро метавонад аз даст бидиҳад.
Дар достони «Кадхудо» мебинем, ки нависанда сабки нигориши худро то андозае нав кардааст. Бояд гуфт, ки ин асар шабеҳи қиссаҳои дигари Баҳманёр пурмоҷарову шўрангез нест. Ва агар хонанда бо осори ў ошно набошад, ба назар андак дилгиркунанда менамояд. Ба қавли Эдмунд Бёрк, мутафаккири маъруфи англис, муҳимтарин кори як нависандаи тозанафас ва ё начандон машҳур он аст, ки бояд асараш бо шавқу рағбат хонда шавад ва танҳо адибони шўҳраманд ҳаққи онро доранд, ки дунболи ин нукта нараванд ва ғами бо шавқу завқ хондани осорашонро нахўранд. Аз ин лиҳоз, шояд замоне фаро расида бошад, ки Баҳманёр ҳам ба худ иҷозат диҳад, ки ҳарчи мехоҳад ба ҳар тарзе, ки дилаш мехоҳад, ба қалам диҳад.
«Кадхудо» дар фарҳанг ба чанд маънӣ, аз ҷумла «соҳиби хонаву ҷой», «сардори оила», «мард», «шавҳар», «сардор», «подшоҳ», «вазир», «сазовор» тафсир шудааст. Дар ҳикояи Баҳманёр ин вожа барои ифодаи ҳастии маънавии як инсони беҳирсу тамаъ ва озодандешу ворастае омадааст. Дар ин достон мо на танҳо унсурҳои зоҳириро (форма) камтар мебинем, балки эҳсос мешавад, ки нависанда аз сужетҳои афсонамонанду пурмоҷаро, тамсилҳои ҳикматангез даст мекашад. Ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки дар ин ҳикоя воқеа ё ҳодисаи яклухте ба назар намерасад. Бунёди он бар ҷузъиёти зиндагии рўзмарраи ровии ҳикоя – нависандаи асар аст, ки гоҳ-гоҳе лаҳзаҳо ва воқеаву рўйдоди рўзгори мозии худро ба хотир меорад ва зоҳиран чанд рўзи муқаррарии ҳаёти худро тасвир мекунад.

пешина
аз 500
навбатӣ