Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба назари зоҳирбин чунин менамояд, ки нависанда бо сухан бозӣ дорад ва аз тариқи такрори вожаҳои ҳамоҳанг саҳнасозӣ мекунад. Чунончи, дар сатрҳои зер аз достони «Вақти гули бобуна»: «Гулу сабзаҳои Гулдара, ғўту пуштаҳои Чилдара, бурсу хомаҳои Шилшиладара – мўмиёи устухони мананд; оби тармаҳои Обшорон, ҷўйборҳои дараи Зиндон, сабзақолинҳои Камари Мурғон – тўтиёи чашмони мананд; чукриҳои регии зови Тобасанг, хуҷрокҳои кафшии рези Яккахаданг, вағничҳои обии жарфи Барзанг – зулбиёи даҳони мананд».
Нависанда хеле ҳадафмандона аз имконоти забони ширини порсӣ истифода мекунад. Ин достон, бешак, бисёр зебо ва шоирона аст. Таркибҳо ва ибораҳои зебои тоҷикӣ «Гулу сабзаҳо, ғўту пуштаҳо, бурсу хомаҳо»; «чукриҳои регӣ
– хуҷрокҳои кафшӣ – вағничҳои обӣ» ва ё номи мавзеъҳо:
Гулдара-Чилдара-Шилшиладара; Обшорон-Зиндон-Камари Мурғон; зови Тобасанг – рези Якахаданг – жарфи Барзанг ва таркибҳои амсоли «мўмиёи устухони мананд – тўтиёи чашмони мананд – зулбиёи даҳони мананд» ҳамагӣ мўҷазу дилнишину дилангезанд. Шояд аксари ин номҳо бофтаи худи нависанда бошанд, аммо имкон дорад, ки воқеан ҳам деҳаву дараву пуштаҳои Тоҷикистон чунин номҳоро соҳиб бошанд.
Идомаи ҳамин ҳикоя: «Ду анораки сурхе дар шохи дарахти нор бор, ду анораки сурхе дар зери пераҳан хор, хор; ду анораки сурхи дарахти нор чун дирафши баҳор арғувон, арғувон, арғувон;… Ман хостгори баҳор, ман хостгори дидор, чӣ мушкил аст рўзгор, дидор солест як бор, як бор, як бор – вақти гули бобуна! – вақти гули бо-бу-на…» Ин ҷо ба зоҳир шабоҳатҳое миёни сабки Баҳманёр ва сабки Темури Зулфиқор ба назар мерасад. Зимнан, шоистаи зикр аст, ки бисёре аз достонҳои ин ду нависанда шабеҳи ҳам пур аз шавқу шўри шоирона ва маъниҳои амиқи фалсафӣ мебошанд. Вале дар сабки эшон тафовути ҷиддӣ низ вуҷуд дорад. Ин тафовут аз ҷумла дар он ба назар мерасад, ки Темури Зулфиқор дар такрору таъкидҳояш бештар аз сифат (эпитет) истифода мекунад ва гоҳо аз ҳадди эътидол мегузаронад, вале Баҳманёр бештар ба шеваи насри мусаҷҷаъ иттако мекунад ва дар бисёр маврид аз вожаҳои ҳамоҳанг ва аносири шеъри классикии порсӣ истифода мекунад.

пешина
аз 500
навбатӣ