Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Воқеан рисолати нависандагӣ ҳам ҳамин аст. Ба ин маънӣ нависандаи рус К. Паустовский гуфта буд: «Нависандае, ки ба равшантар шудани диди хонанда мусоидат намекунад, қобили пазириш нест». Нигоҳи Баҳманёр ба воқеият, ашё ва инсон бисёр густардаву жарф ва ҳамзамон бисёр зариф аст.
Тарзи тасвири ў маъмулан шоирона, вале реша дар фалсафаи жарфи зиндагӣ дорад ва гоҳо бо танз омезиш ёфтааст. Ағлаби ҳикоёти ў бо тасвирҳои шоирона, такрори вожаҳо, калимоти ҳамоҳанг шурўъ мешаванд ва бо диди номукаррари гўянда таваҷҷўҳи хонандаро ба худ мекашанд, ва ба андеша водор мекунанд. Масалан, ҳикояи «Чашмаи ният» чунин оғоз меёбад:
«Рахши вақт чоргома метохт. Табиат нобуд мекарду месохт.
Зиндагӣ ато мекарду марг бозпас мехост. Тақдир оҳанги тасодуф менавохт ва бо ин тасниф инсонро ба вартаи иштибоҳ меандохт, дар кўраи имтиҳон мегудохт, ки аз он одам гоҳе мебурду гоҳо мебохт». Ҷолиб он аст, ки ин оғоз дар ҳар фасли нави ҳикоя такрор мешавад ва як навъ хушоҳангии тамоми матнро таъмин намуда, боиси нерўмандии ҷанбаи фалсафӣ, отифӣ ва шоиронаи он мегардад. Азбаски чунин тарзи сухан дар адабиёти муосири мо бесобиқа буд, нигоҳи мутафовити шоирона, танзҳои намакин, қиссапардозиҳои афсонамонанд, тасвири деҳаи ормониву хаёлии нависанда – Сармаддеҳ бо сокинони аҷоибхулқу ғароиблақабаш мисли Туфанги Думила, Шошои Девона, Холдори Чилдурўғ, Холи Девзўр, Яздони Малла, Оростаи Сиёҳ, кампири Осуда, Яздони Гевагар, Шери Хол, Усто Шоҳаки Ранда, Пояндаи Сардоя, Бабраки Лўлӣ ва ҳайвоноту паррандаҳое, ки дар ҳикоёти тамсилии ў бо номҳои Хурўсаки Парпо пўпак, Рўбоҳи зирак, Хари Ҳафтафаҳм, Хирси Ландаҳур, Аспи обӣ, Шағоли Дайду ва ғайра ҳама гувоҳи тавоноии нависанда дар тасвири шоиронаю орифона ва намое аз вежагиҳои хоси каломи нотакрори ў мебошанд.
Чунин тарзи тасвир, ки қариб дар ҳамаи ҳикоёти Баҳманёр ба мушоҳида меояд, ба унвони унсури вежаи сабки инфиродии ў шинохта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё