Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

НИГОҲИ ИҶМОЛӢ БА ЯК ДОСТОНИ
НАВТАРҲИ БАҲМАНЁР
Донишманди франсавӣ Ҷорҷ Луи Леклерк Бюффон ҳанўз дар поёни садаи ҳаждаҳум гуфта буд, ки «сабк ин худи инсон аст, на ороиши зоҳирии ў». Дар бораи ҳунари қиссапардозии Баҳманёр ба унвони яке аз муваффақтарин нависандагони адабиёти муосири тоҷик муҳаққиқони зиёд навиштаанд ва бетардид, ў аз адибони соҳибсабк ва дорои вежагиҳои хосе аст, ки дар нависандагони дигар камтар мебинем. Ва ин вежагиҳои ҳунарии ў бармегардад ба маншаъ ва манобеи офаридгории ў.
Баҳманёр аз нависандагони пурмутолиаи тоҷик аст, ки аз оғози роҳи эҷодӣ дар тарбияву такмили завқу салиқа ва дониши худ саъй намуда, аз баракати зеҳни халлоқ ва баҳраварӣ аз осори нависандагон ва мутафаккирони Шарқу Ғарб, асрори нависандагиро фаро мегирад ва дар натиҷаи талошҳои огоҳона дорои сабки хеш мегардад, ки мутафовит аз лаҳни дигарон аст ва ба иртиқои зебоишиносиву ҳунар роҳ мепаймояд.
Ағлаби адабиётшиносон бештар ба сабки шоиронаи ў дар наср мутаваҷҷеҳ шудаанд ва вежагиҳои сабки ўро дар истифода аз саноеи бедеӣ, аз ҷумла насри мусаҷҷаъ ва такрори ҷумлаву таъбирҳо, кўтоҳбаёнӣ ва истифода аз самбулу рамзҳо мушоҳида намудаанд. Дар насри муосири тоҷик аз баракати ҳунармандоне мисли Баҳманёр андешамандӣ ва нерўи тахайюли шоирона дар ҳоли қавӣ шудан аст, ки дар ин миён Баҳманёр аз нависандагони истисноӣ мебошад. Аз нависандагони имрўз ҷой дорад аз Сайфи Раҳимзод, Кодири Рустам, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Юнус Юсуфӣ ва бархе аз адибони дигар низ ёдовар шавем. Чашмандози густурдаи муаллиф, бардошти ў аз воқеаву ҳодисоти замон дар образу характерҳо, дар корбасти асотириву ривоётӣ ва пайвастани онҳо бо ҷузъиёти воқеии зиндагӣ ба мушоҳида меояд, ки дар ниҳоят барои ҳалли бадеии масоили иҷтимоиву ахлоқӣ ва фалсафӣ мусоидат менамояд. Нависанда таваҷҷўҳи мухотабро ба нуктаҳое мекашад, ки то ин дам аз назари мо дур монда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё