Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Чу ҳар хору хасе даъвои шеъру шоирӣ дорад, Дилам аз шоирӣ мондасту аз шеъру сухан мондаст…
12. Истифодаи танз:
Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон, Бўстоне дар миёни шўразорон,
Гулхане дар лобалои кўрдуд,
Паҳлавоне дар миёни нотавонон – Оли Сомон!
Ё ки:
Бубин ту хасро, шуда Сикандар, Бубин магасро, шуда Самандар…
Ва боз:
Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро, Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро.
Замонаи ҳаринае чу кафши серпинае Ба пинае намехарад нубуғи ҷовидонаро.
Бешак, он хусусиёте, ки ин ҷо номбар шуд, муште аз хирвор аст, ки дар талфиқ бо ҷаҳонбиниву завқи зебошиносии шоир маҷмўи аносири шаклу воҳидҳои услубиро ташкил медиҳад ва мукарраран бояд гуфт, ки ин маҷмўъ ҳаргиз чизе маснўӣ нест. Аз ин ҷамъ оинае ба даст меояд, ки дар он акси андешаҳои шоир ва шахсияти ўро бо тамоми нозукиҳои ҳунараш метавон дид ва ҳамешагӣ дил баст.
Пайнавишт:
- Лоиқ Шералӣ. Куллиёт. Иборат аз 2 ҷилд.–Хуҷанд, 2001.
- Абдунабӣ Сатторзода. Шеърҳои офтобӣ ва бўяҳои осмонӣ // Садои Шарқ.–2001.–№1-6.
- Аскар Ҳаким. Сухане аз устод Лоиқ / Адабиёт ва санъат.–2001.–№21-22.–1 июн.
- Марсияи хуршед. Сўгномаи устод Лоиқ / Таҳия ва танзими Ориёнфар.–Москва, 2001.
- Матлубаи Мирзоюнус. Посдори бузургон.–Дар кит.: Усмонҷон Ғаффоров. Султони диёри сухан.–Хуҷанд, 2001.
- Мисбоҳиддини Нарзиқул. Фуруғи ҳастӣ.–Душанбе, 2001.
- Усмонҷон Ғаффоров. Султони диёри сухан.–Хуҷанд, 2001.
Соли 2006

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё