Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ва боз:
Зи балкон духтарони рўкушодат Чу маҷнунбедҳо кокул фишонанд.
8. Калимаҳои мураккаби худсохта, ки ба табиати забони тоҷикӣ мутобиқанд:
Аксари калимаҳои мураккаби мавриди истифодаи Лоиқ аз ҷузъҳои пуркорбурди хазинаи забони модарӣ таркиб ёфтаанд: оқилқиёфаҳо, ҷоҳилназораҳо, хастабъон, ҳеҷкораҳо, нобародарон, нодилёбӣ, ҳеҷкас, чашмобдеҳ, чашмхона, минбархудо, шохношикаста, шикамбора, нокордида…
9. Истифодаи калимаҳои халқӣ:
Лоиқ баъзан калимаҳои шевагӣ ё халқиро хеле бамаврид ба кор мебарад, ки бешак, ба мавзўъ ва рўҳияи умумии шеър иртибот дорад. Чунонки, дар шеъри мутантан ҳаргиз калимоте инчунин ба кор наравад: истонда, беизорак, таппак, ҷуфтак, сустак, мустак, пўстғафс, кала, ишкаматон:
Хандиданош, болиданош, нозиданоша бинед 10. Истифодаи калимоти нодир ва ё камкорбурд:
Ин навъи калимот дар ашъори Лоиқ банудрат ба кор меравад ва муҳим он нукта аст, ки Лоиқ аз онҳо сўиистифода намекунад. Танҳо дар мавридҳои зарурӣ ва он ҳам бо камоли эҳтиёткорӣ ва ҳифзи рўҳияи умумии шеър аз луғоти тоҷикӣ калимоти мувофиқ меёбад: Сатарванзодагон, ағонӣ, сайронгаҳ, ҳаббазо, ҷешил, лозур, вешим, пўкафишанг, астарван, ҳарвонапараст, ҷаврак…
11. Мақолҳои халқӣ, ки аксар ба тарзи иҳом истифода мешаванд.
Дар ин маврид маънии зоҳирии калима сарфи назар мешавад ва он маънии тамоман дигарро ифода менамояд. Масалан:
Оби заҳролуд корат кардааст.
Таркиби «кор кардан» ин ҷо маънии афсурда кардан, нобуд карданро дорад.
«Аз даҳан мондан», «аз ҷон сер шудан», «ба сараш об рехтан», «дил об кардан», «сарҳисоб гум кардан», «дил мондан»…
Сухан вирди забонҳо буд, имрўз аз даҳан мондаст, Забони ноби тоҷикӣ бурун аз анҷуман мондаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё