Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ватан дилҷамъию озодии мост, Ватан хушбахтию ободии мост.
4. Ҳамҷавории ҳарфҳои ба ҳам монанд, ки савтиёти хуш ҳосил мекунад:
Ба ҳолат зор мегирям, Зарафшон, модари зорам, Ки сар то по зар астию ба як зарра зарат зорам.
Савтиёти хубро қифияҳои дохилӣ низ таъмин мекунанд:
Зи чор сўят миёни кўят, туро биҷўяд дусад адўят, Куҷо ясоро, куҷо ямино, куҷо яқино, куҷо гумоно.
5. Маъниҳои тоза тавассути бозии сухан, аз ҷумла ҳазф, илова ё табодули як ё ду ҳарф:
Зар – заҳр:
Зарафшоно, ту ҳоло заҳрафшонӣ.
Тунд – кунд:
Тундкорӣ кундкорат кардааст.
Риш – ришва, пир – пора:
Ришони ришваҳо, пирони пораҳо.
Шўр – шуур – шарар:
Камшўру камшуур, эй бешарораҳо.
6. Истифодаи калимаҳои зидмаъно дар канори ҳамдигар:
Ҳам замингир, ҳам фалаксоянд, Пойбаст, вале сарозоданд.
Дар байти фавқ се маънии ба ҳам муқобил дар як ҷо омадаанд: замин-фалак, пой-сар, бастагӣ-озодӣ. Ин навъи таносуб назокат ва ширинии лафзро таъмин карда, дар айни ҳол ба маъниҳои бикр низ ишора кардааст:
Ёд кардам он касонеро, ки дар пастӣ баланданд, Ҳам касонеро, ки бо сад камбаҳоӣ арҷманданд.
Ё ки:
Ватан – имрўзи мо, ояндаи мост, Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
7. Истифодаи калимоти ғайр ба лаҳни тоҷикӣ: семин, битон, балкон, милиса, пилон, мошин, шофир, рокет, дулор, парлумон, Эйшитейн, Диёҷен, Хиросим…
Ба шарте қасрҳои шарқӣ созанд Ба ҷои ин катакҳои битонӣ .

пешина
аз 500
навбатӣ