Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намунаи дигаре амсоли ин:
Сабзаву гул пойкўби шавқу шўр – Шавқу шўри ду тани дилбастааст.
Дар аксари мавридҳо такрори калимаву таркибҳо ба хотири амиқбурди маънӣ ва тобишҳои тозаи мазмун ба кор меравад, аммо баъзан калимот ба ҳадде зиёд такрор мешавад, ки хонанда ногузир ба суханбозии шоир низ мутаваҷҷеҳ мешавад ва ба ҳунари ў дар ин замина қоил мемонад:
Куҷо мушти қавӣ, к-ин муштҳоро пушти сар тобад, Ки рўзи халқ андар мушти муште муштзан мондаст.
Дар байти фавқ калимаи «мушт» 5 бор мукарраран омада, ҳар кадом маъниҳои тозае дорад.
Ё ки:
Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шуданҳо.
в) Такрори як ҷузъи калима:
– соҳиб:
Чи соҳибдавлату хушрўзгорӣ,
Ки соҳиб дориву соҳибдилон ҳам.
– ҳам:
Гарчи ҳамсояему ҳамдаврон,
Ҳар кадоме ситораи дурем.
худ:
Як сареву ҳазор савдое
Худсару худписанду мағрурем.
– ним:
Нимгушна, нимташна, нимдушман, нимдўст, Эй ҷаҳони нимкора сарҳисоби ту куҷост?
2. Истифодаи калимаву таркибҳои якхела барои ифодаи маъниҳои духўра:
Ҳар кӣ дилро об созад бар сараш резанд об, Обрўе, ки диҳӣ руҷҳон ба оби ҷў куҷост?
Ё ки:
Мо солхўрда ҳастем ё сол хўрда моро…
3. Таваҷҷўҳ ба санъати тарсеъ:

пешина
аз 500
навбатӣ