Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мавридҳои зерин метавон ба мушоҳида гирифт:

  1. Таваҷҷўҳи махсус ба такрор:
    а) Такрори мисраъҳо, таркибҳо ё вожаҳо:
    Масалан, дар шеъри «Ватан» таркиби «Ватан сар мешавад аз…», ки дар оғози мисраи аввал омадааст, дар ҳамаи мисраъҳои тоқ (ба ғайр аз байтҳои восила) такрор шуда, вежагии хоси сабки Лоиқро падид овардааст.
    Ё дар шеъри «Шукронае барои Душанбе» 16 бор калимаи «шукр» дар оғози мисраъҳо ба кор рафтааст:
    Шукри ин шаҳр мекунам умре…
    Шукри ҳар кўчаи чанористон,
    Шукри обу ҳавои рўҳангез,
    Шукри ҷому маи тарабхона.
    Шукри ин рўзҳои бепарҳез,
    Шукри Варзобу хониши рўдаш…
    Дар шеъри «Замин», ки дар қолаби чаҳорпора гуфта шудааст, 11 бор тавсифи замин бо як мароме ҳамоҳанг такрор мешавад:
    Замин – модархудои мутлақи мо…
    Замин пир аст, лек аз мо ҷавонтар…
    Замин чун боғҷома – мо дарахтем…
    Замин боғи раҳи боди хазон аст…
    Замин як ҷуръа оби охирин аст.
    б) Такрори калима дар инҳисори як мисраъ, байт ё банд:
    Аз қисмати кўҳсор зи ҳар кўҳи пур аз ганҷ Аз ранҷ басо ганҷ, ки бардошта бошем.
    Дар қисмати боқиш магар донӣ чӣ ганҷест?
    Дар қисмати боқиш сухан кошта бошем.
    Дар ин банд 3 бор вожаи «қисмат», 2 бор «кўҳ», 3 бор «ганҷ», 2 бор таркиби «дар қисмати боқиш» такрор шуда як тарзи хеле ҷолиби баёнро ошкор мекунад. Шоир калимае ё таркиберо аз мисраи аввал гирифта, дар мисраи дувум бо истифодаи он фикри худро давом медиҳад. Чунончи:
    Шукри ин шаҳр – шаҳри рушду камол Шаҳри гаҳвораи суруди ман.
    Ин ҷо мисраи аввал ба ду қисм ҷудо шуда, аз қисмати аввал вожаи шаҳр ба қисмати дувум кўчида тавзеҳ ёфтааст ва дар мисраи дигари байт низ ба кор рафтааст.
пешина
аз 500
навбатӣ