Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ҳиссиёти саршор ва чандгонаву мутазод нафаре бошад дар маҷмўъ росткору ростқавл, пурҷасорату боҳиммат ва ҷонфидову ҷавонмард.
Омезиши ин сифот як инсони пурэҳтирос ва гармхунро аз андаруни шеъри Лоиқ ба мо менамоёнад ва ўро ба унвони як нафари ошнову азиз ва дўст доштанӣ муаррифӣ мекунад.
Лоиқ аз суханвароне буд, ки бо қудрати ҳунар маҷрои шеърро самти дигар бурд. Бо вуҷуди он ки заминаи шеъри хеш бар мактаби шоирии Турсунзодаву шоирони ҳамнасли ў ниҳода буд ва минбаъд низ содагии баёни онҳоро ҳифз намуд, аммо каломи манзумро аз маҷрои содалавҳӣ ҷониби маъниҳои фирдавсиёнаву хайёмона ва мавлавиёнаву ҳофизона бибурд ва ин ҳамаро бо рўҳи замони мо чунон омезиш дод, ки кулли ҳаммаслакон ва алоқамандони адабиёт ҳунар ва ибтикорашро эътироф намуданд. Ва, бешак, як марҳалаи тақрибан сисолаи шеъри муосири тоҷикро метавон марҳалаи шеъри Лоиқ номид.
Нуфузи Лоиқ ба шеъри замон чунон буд, ки як насли шоиронро аз паи худ бурд ва дар раванди афкору кўшишҳои навҷўёнаи насли дигар низ нақши муассир гузошт. Ў гўё мизоне ёфта буд, ки каффаҳоро (паллаҳои тарозуро) мутавозӣ медошт ва порсанге пайдо карда буд дар ҳифзи мувозинат миёни содагароён ва ҷонибдорони таъқиду печидагӣ.
Пай бурдаем, ки шеъри иддае дархури ақлу идроки танҳо ашрофон аст, шеъри иддаи дигар танҳо ба завқи мардуми омӣ мутобиқ шудааст. Аммо шеъри Лоиқ баландтарин завқро низ қонеъ мекунад ва барои пасттарин сатҳ низ қобили идрок аст.
Аз шеъри Лоиқ на бўи содалавҳии омиёна мезанаду на ҳикматфурўшии маснўии шоиртарошон дар либоси мураккаббиёнӣ.
Лоиқ шоири соҳибсабк аст. Тарзи баёни ў бо он ки зоҳиран гўё чизе ғайриодӣ надорад, боз ҳам аз вежагиҳое бархурдор аст, ки ишора ба салиқаву завқ ва нигоҳи мутафовити ў доранд. Барҷастатарин хусусиёти нақши қалами ўро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё