Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Ботинан эҳсос менамоем, ки ба ғайр аз мазмуни тоза ва баёни зебо кадом як қувваи рабоише ҳаст, ки моро ҷазб мекунад.
Ҳамин ҳол бо шеъри Лоиқ моро рух медиҳад. Ҳифз кардани шеъри Лоиқ мушкил нест. Савтиёти дилнишин, қолабҳои хотирмон, мазомини наздик ба зеҳн, вожаву таркибҳои пуркорбурд ва роиҷ дар забони муосирон имкон медиҳад, ки ин ашъор дар лавҳи хотири мо бе душворӣ сабт шавад. Аммо боз ҳам бояд гуфт, ки тасвири шоиронаи балеғ ҳанўз омили рабоиши шеър нест, хоса дар холе, ки дар адабиёти мо шояд мавзўъ ё мазомини тозае дигар намонда бошад. Барои хонанда муҳим шахси шоир аст ва он энерҷие, ки аз шеъри ў ба вуҷуди мо ворид мешавад. Пас ҷозибаи шеър на танҳо дар ҳунари халлоқии шоир, балки пеш аз ҳама дар он нерўи ботиниест, ки дар мағз андар мағзи шеър, тору пуд ва рагу пайванди он ҷо гирифтааст, мисли ин ки гармии нафаси гўяндаро дар колбади вожаҳо ҳифз кардааст.
Шарори ботинии шоире танҳо барои як лаҳза мерасад ва он ҳам то поён пазируфтани шеър, гармии нафаси шоири дигаре – барои ҳамзамонон ва танҳо оташи ниҳонии вуҷуди шоирони ростин барои асрҳост. Ҳадафи хонанда дар шеър баровардани эҳтиёҷоти рўҳонист ва ин ҳолат танҳо дар сурате рух медиҳад, ки ба гўяндаи он бовар кунем, ба ҳарфи ў эътимод дошта бошем, самимияти сухани ўро эҳсос намоем ва дар шахси ў як нафари соҳибдил ва соҳибназареро бишиносем. Шояд асрори ҷозибаи шеъри Лоиқ низ дар ҳамин ҳунари бозофаринии шахсияти шоир ва ба даст овардани эътимоди хонанда ба ростии қавли ў бошад?!
Шахси Лоиқ аз паси сатрҳои шеъри ошиқона – ошиқест дилбохтаву ҷонсўхта, дар ашъори фалсафиву андарзӣ – ҳакими пурдидаву пурдон, дар шеъри иҷтимоӣ – инсоне пурдидаву пурормон. Ва дар ҳама ҳолат ў нафарест бисёр ошнову ҳамдилу ҳамдард, аммо ў касе нест, ки танҳо сифат ва фазилатҳои комилан мусбат дошта бошад. Ҷозибаи шеъри Лоиқро дар он пайдо кардаем, ки ўро як нафаре мисли худамон шинохтаем, як нафаре, ки метавонад хато ё гуноҳе содир кунад ва як умр хиҷолат кашад, бо алам чизеро пушти по занад, ба чизе даст афшонад, содалавҳонаву кўдакона фирефта шавад, аз хиёнат мағз-мағзи ҷонаш сўзад, дар пешорўи фоҷиа лол бошад, дилаш аз чизе ҳаросад, аз чизи дигаре хурўшад, барои чизе ё касе гум занад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё