Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

263). Ин ҷо саллаҳои издиҳоми мардум ба кафки дарё ва тобути Фирдавсӣ ба заврақ ташбеҳ шуда, ки на ҳар чашм метавонад бад-ин борикназарӣ ва нозукӣ бинад.
Хулоса, Улуғзода аз суханварони соҳибзавқест, ки суннатҳои адабии ниёгонро азиз дошта ва эҷодкорона мавриди истифода қарор додааст. Аз тарафи дигар, «Шоҳнома» – эъҷозест, ки тўли қарнҳо ақлҳоро мот карда ва чароғе дар фаророҳи мо баланд афрўхта, ки аз нури пурсаховати он ҳамагон баҳра мегиранд. Бар асари таъсири пурфайзи «Шоҳнома» романи «Фирдавсӣ»-и Улуғзода низ арзи вуҷуд кардааст, ки дар он симои тобнок ва нуронии худованди «Шоҳнома» таҷаллии нав ёфтааст.
Пайнавишт:
- Улуғзода С. Фирдавсӣ: Роман.–Душанбе, 1988.
- Дирўз, имрўз ва фардо. Сўҳбати адабиётшинос С. Абдулло бо нависанда Сотим Улуғзода / Омўзгор.–1991.–11 сентябр.–№37.
- Ғуломҳусайни Юсуфӣ. Мо ва «Шоҳнома» // Килк.–1371.–№32- 33.
- Мусаффо Раҳимӣ. Бартар аз шоҳ // Килк.–1969.–№15.
- Муҳаммад Равшан. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ // Килк.–1969.– №10.
- Ҷалили Дўстхоҳ. Замон ва зиндагии Фирдавсӣ. Даромаде бар дувумин ҳазораи «Шоҳнома».–Теҳрон, 1371.
Солҳои 1993, 2012
АСРОРИ НУБУҒ
(Андешаҳо роҷеъ ба вежагиҳои сабки Лоиқ Шералӣ)
Шеър ҳам мисли инсон аст. Бо яке рў ба рў меоиву баъди сўҳбат ҳамон лаҳза фаромўш мекунӣ. Бо яки дигар танҳо чанд ҳарфе радду бадал мешавад, вале андом, садо, нигоҳ, ҳаракоти ў як умр дар ёд мемонад. Ғолибан дар тафсири ҷазаботи тоифаи дувум душворӣ мекашем, ҳарчанд эҳсос мекунем, ки сирри ин ҷозиба дар шарарест ниҳонӣ ва ин шарар аз дили инсон ва ҳастии маънавии ў манша гирифтааст.
Айни ҳамин ҳол бо шеър низ рух медиҳад. Шеъреро баъди мутолиа хунсардона канор мегузорем, вале шеъри дигарро беихтиёр бо нимовоз барои худ такрор мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё