Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Бахусус, интиқоли бароати истеҳлол, ки ҳолу ҳавои достонҳоро муайян мекунанд ва абёте, ки ба зиндагиву аҳволи шоир ишора доранд.
2. Овардани ибораҳои ҷудогона, мисраъ ва байтҳо ғолибан дар сафаҳоте, ки аз боби ин ё он достон ҳикоят мекунанд.
Масалан, дар боби «Шаби эҷод» Фирдавсӣ қиссаи Эраҷро менависад. Ин ҷо ҳолу кайфияти рўҳии шоир ва андешаҳои ҳамонлаҳзаинаи ў, ки аз дидгоҳи Улуғзода омадааст, ба матни қиссаи Эраҷу Салму Тур даромехтааст. Аз ин қабил мисолҳо кам нестанд.
3. Истифодаи калимоте, ки дар замони Фирдавсӣ маъмул буда ва ба сохтори забони «Шоҳнома» бетаъсир намондааст.
4. Нақли афкору ақоиди Фирдавсӣ, ки айнан наомадааст. Масалан, Улуғзода аз забони Фирдавсӣ оварда: «Одамизода ба ақлу ҳуш, ки даромад, – фикрашро давом дод Абулқосим, – дар ибтидо сари дуроҳае қарор мегирад: роҳи хайр ва роҳи шарр. Ду ҳодии роҳ, Ҳурмуз ва Аҳриман, яке ўро ба ин сў, дигарӣ ба он сў мекашанд. Он ки ҳодияш Ҳурмуз аст, Эраҷ шуд ва оне ки роҳбараш Аҳриман буд, Тур ё Салм гардид» (с. 13).
Дар охир ба як нуктаи дигар таваҷҷўҳ мекунем. Барои аҳли фарҳанг хусусиёти мутафарриқи назму наср пўшида нест ва бартарии назм бар наср раднопазир гашта. Бинобар ин, намунаҳои назму наср аз чандин лиҳоз қобили қиёс нестанд, лекин наср ҳам ба ҷуз мусаҷҷаъ будан метавонад шоирона бошад. Гоҳе тахайюлоти носир ончунон баланд парвоз мекунад, ки дар нуқтаи биниши шоир қарор мегирад.
Масалан, оғози боби «Шаби эҷод»: «Дар хилвати ҳуҷраи даруни боғ сухан офарида мешавад. Насри хушку беранги достонҳо ба назми тари рангин табдил меёбад. Достонҳо мисли дарахте, ки аз зимистон баромада, дар баҳорон андоми бараҳнаашро бо шоху барги сабз мепўшонад ва гулафшон мешавад, ба зевари шеър ороста мегарданд», маҳсули тахайюли шоирона аст. Ё мисоли дигар: «Дарёи хурўшоне аз одам ўро ба манзили охиринаш гусел мекард. Даҳҳо ҳазор саллаҳои сафед дар дарёи одам ба кафкҳои мавҷ монандӣ доштанд, рўи онҳо дар тобут ҳамчун заврақе шино мекард» (с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё