Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Саноеи бадеӣ низ дар «Шоҳнома» на фаровон, ки гоҳ-гоҳе аст ва он ҳам на худнамоёна ва фазлфурўшона, балки чунон сода ва табиӣ, ки дар бисёре аз мавридҳо хонанда бе рўйкарди дақиқ бад-онҳо ва даранги зеҳнӣ матлабро пай мегирад ва аз фарозҷои хаёл фуруд намеояд. Фирдавсӣ ҳар чи ҳунаре дорад, дар сохтори андешагӣ-ҳунарии «Шоҳнома» ба кор мебарад».
Таҳлили забонӣ ва сохтори баёнии романи Улуғзода ба мо имкон медиҳад, ки аз ин паҳлу низ онро бо «Шоҳнома»
рў ба рў гузорем ва асари анъанаҳои Фирдавсиро дар он пайдо кунем. Дар роман хусусияти муҳимтарини сабки Улуғзода
– мухтасарбаёнӣ, канораҷўӣ аз иборапардозиву суханороии беандозаву бемаврид ба хубӣ зуҳур кардааст. Ба назар чунин мерасад, ки нависанда ба тамоми маънӣ дарк карда, ки нахустунсури адабиёт ғоя ва афкори солим буда, шакл ё худ веростории афкор ба қабои муҷалло дар навбати сонӣ қарор дорад.
Улуғзода бисёр кўшидааст, ки аз пургўӣ парҳез кунад. Ин вежагӣ бештар аз ҳама дар овардани ҷузъиёт дида мешавад. Масалан, дар бораи Исфароинӣ омада, ки «ў зотан камгўи бисёршунав буд» ё худ дар бораи Фирдавсӣ: «Вай шоири ҳақгўи ҳамосасаро буд, на дурўғгўи қасидасаро», дар бораи Фотима:
«Тарбиятдида ва хушсавод, монанди шавҳараш деҳқоннажод буд, аз мусиқӣ низ бебаҳра набуд, чангро хуб менавохт». Ин мисолҳо далели онанд, ки нависанда аз кашолкорӣ парҳез мекунад ва барои ифодаи фикри худ пурғунҷоиштарин калимоту иборот меҷўяд. Мухтасарбаёнии Улуғзода дар банду басти асар низ мунъакис гашта. Фосилаи байни бобҳо кўтоҳ ва дар ҳар кадом мазмуни комил ва пайгирии ҳадафи аслӣ риоя шудааст.
Дуруст аст, ки саноеи бадеӣ, аз ҷумла саҷъ, ташбеҳ, рамзу ташхис, тавсиф, такрор, тазод ва ғайра дар роман ба сифати воситаҳои баён хизмат кардаанд, аммо на ба хотири ҷилваи ҳунари сухангустарӣ.
Иртиботи романи Улуғзода бо «Шоҳнома», қабл аз ҳама дар истифодаи матни достонҳои Фирдавсӣ ба назар мерасад, ки ғолибан дар мавридҳои зерин қобили тазаккур аст:
- Овардани пораҳои мухталиф аз «Шоҳнома», ки бештар ба сифати далели гуфтори нигоранда хизмат кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё