Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устод Улуғзода, ки бо маъхазҳои мўътабар ошно буд, аз ин баҳсҳо низ иттилоъ дошт. Зеро худи ў дар роман оварда, ки «шоирро аз ҳар чи бештар тақдири ояндаи «Шоҳнома»-аш парешонхотир месохт. Дар мамлакат талотўб, хараҷу мараҷ: туркони қарохонӣ, Сомониён, Ғазнавиён дар ҷангу ҷидол; ҳар гуна саркашон толибони ҳокимият теғкаши сари ҳамдигар; дар гўшаю канорҳо дастаҳои ғоратгарон ба такопў. Онҳо дам ба дам ба Тўс ҳам дасти ғорату куштор меёзанд. Ҷону моли ҳеҷ кас дар амон нест. Мумкин аст дар як соати машъум аз шарри онҳо ба шоир фалокате расаду «Шоҳнома» ҳам дастбурди ҳаводис гардад… Замона ва анъана чунин буд, ки китобе агар ба номи амире, шоҳе нигошта ё ба вай бахшида нашаваду аз тарафи вай тақдир наёбад, эътибор пайдо намекард ва аксаран пора-пора дар дасти ҳар кас парешон монда ва ҳатто фаромўш мегардид.
Фирдавсӣ метарсид, ки мабодо чунин қисмати бадфарҷом насиби китоби вай ҳам шавад. Ба куҷо ва ба кӣ бояд паноҳ бурд?
Китобро чӣ гуна аз дасти ҳаводис наҷот дод?» (с. 72).
Ҷонибдори ақидаи маъмул будани Улуғзода, яъне, ба ҳокимон, аз ҷумла ба Султон Маҳмуди Ғазнавӣ пешкаш шудани «Шоҳнома» шояд аз он лиҳоз бошад, ки дар ин сурат Фирдавсӣ дар як вазъи ногувори рўҳӣ қарор мегирифт ва пайдост, ки дар чунин ҳолат сиришти инсон бештар ва аёнтар зуҳур мекунад. Яъне, Улуғзода Фирдавсии худро дар ҳассостарин ва душвортарин лаҳазоти зиндагӣ бо тамоми ҳиссиёташ – шодиву сурур, ғаму андўҳ, хашму ғазаб, дарду ҳасрат ва парешониву саргардонӣ офаридан хоста ва дар ин кор тавфиқ ёфтааст.
Меоем ба сари масъалаи дигаре – таъсири баёни Фирдавсӣ ба тарзи нигориши Улуғзода.
Қабл аз ҳама қобили қайд аст, ки ба ибораи Ҷалили Дўстхоҳ «Шоҳнома» – на коргоҳи саноеи бадеӣ ва на ороишгоҳе барои ҳунарнамоиҳои ончунон, балки донишгоҳи хираду фарҳанг ва андеша аст…

пешина
аз 500
навбатӣ