Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Нуктаи дигаре, ки боястӣ зикр ёбад, ифодаи ҳолу кайфияти қаҳрамонон аст, ки аз диди нигоранда байни «Шоҳнома» ва романи Улуғзода риштаи умумият кашидааст. Дар хусуси тавоноӣ ва чирагии Фирдавсӣ доктор Муҳаммади Равшан ишорае дорад, ки аз ҷумла зикр шуда: «Устодии Фирдавсӣ дар васфу баёни ҳол бакамол аст. Сўгномаи ў дар марги фарзанди ҷавонаш ба ростӣ дардовар аст. Мўяи модари Сўҳроб бар марги фарзанд аз чунон сўзе ҳикоят мекунад, ки камтар монанд дорад ва аз ин даст офаринишҳои «Шоҳнома» андак намеёбем».
Бунёди романи Улуғзодаро ба назари мо инъикоси ҳолу кайфияти рўҳии Фиравдсӣ асос гузоштааст. Аз сафҳаҳои нахустин то интиҳои роман хонанда Фирдавсии Улуғзодаро гоҳе дар ҳоли рўҳбаландиву равонтабъӣ, ҳаяҷону шодиву сурур ва гоҳи дигар ғамзадаву ошуфтаву парешонхотир ва баъзан хашмгину пурғазаб мебинад. Масалан, дар боби «Шаби эҷод» Фирдавсӣ ҳарчанд, ки дар ибтидо аз ғами кушта шудани Эраҷ дилреш аст, дар айни ҳол аз он ки эҷод мекунад, болидарўҳ ва дар ҳаяҷон аст, бо завҷааш сўҳбати ширине ороста, навои чанг мешунавад ва меҳрубониву хушгўӣ мекунад. Ё худ дар боби «Доғи фарзанд» шоир ғамгину мусибатзадаву бемор аст.
Гумон меравад, ки Улуғзода қаҳрамони худро қасдан бо хисоли инсонҳои муқаррарии заминӣ таъмин гардонидааст, ҳарчанд ки ў метавонист Фирдавсии худро ҷиддитар ва қавииродатар муаррифӣ кунад, яъне, ки шахсияти хориқулъода будани ўро таъкид намояд.
Масалан, муроҷиат мекунем ба бобҳое, ки Фирдавсӣ баъди ба итмом расонидани «Шоҳнома» дар ҷустуҷўи ҳокими нуктафаҳм ва шеърдўст аз кўе ба кўе пиронасар овораву сарсону саргардон аст. Аз хусуси ин давраи зиндагии шоир ва ба қалами ў тааллуқ доштан ва ё надоштани ситоишномаи Маҳмуд ва ҳаҷвнома бар ў фирдавсишиносон баҳсу талоши зиёде доранд.
Чунончи, соли 1922 Ҳофиз Маҳмудхони Шеронӣ профессори урдуӣ ба ҳаҷвияи Фирдавсӣ шак оварда, онро рад кардааст. Бархе, аз ҷумла адабиётшиноси маъруфи эронӣ Ҷалили Дўстхоҳ дар мақолаи «Замон ва зиндагии Фирдавсӣ» низ бар хилофи ақидаи маъмул, ки Фирдавсӣ қабл аз ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ пешкаш кардани «Шоҳнома» мадҳияе ба сифати пешгуфтор оварда ва баъди он ки Султон қадри ин шоҳасарро нашнохт, ўро ҳаҷв карда бошад, ба бардоште расида, ки шоир на ситоишномае барои Маҳмуд суруда ва на ҳаҷвнома.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё