Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷоҳилон намедонанд, ки достонҳои ман ҳама панду ҳикматанд. Таҷрибаи рўзгоранд. Устод Рўдакӣ гуфтаааст: «Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир, ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд» (аз романи «Фирдавсӣ», с. 14).
Ё худ гуфторе дар масъалаи забон: Фирдавсӣ бар хилофи чоплусиҳои шуарое, ки ба забони истилогарони худ
– арабӣ эҷод мекарданд, «Шоҳнома»-ро ба забони модарии худ нигошт ва имрўз ба эътирофи умум дар ҷаҳон ҳамосае бад-ин бузургӣ нест. Ҳатто «Илиада»-и Ҳомер бо он ҳамсангу ҳамқиёс шуда наметавонад, зеро «Шоҳнома» ба зиндагии инсон ва ҳақоиқи он наздиктар буда, дар айни ҳол ба қавли доктор Ғуломҳусайни Юсуфӣ ҳашт баробари «Илиада» аст.
Фирдавсӣ баҳри дифои забони модарии худ бо шуарои арабзабон мубоҳиса мекунад ва эшонро панд медиҳад, ки «Шумо забони модарии худро бад дида, забони бегонаро бар вай тарҷеҳ додаед, ин монанди он аст, ки кас аз модари худ рўй гардонаду моиндарро хуш кунад ва чунин кас, бешак, бадсиришт ва бадгавҳар аст» (с. 148).
Ҷои дигар ҳокимро ба адолатпешагӣ ҳидоят мекунад ва моҳияти адолатро барояш бозгў менамояд; «Эътиқоди ман бар он аст, ки агар ситам ба чандин кас рафта бошаду адолат танҳо ба яке аз онҳо карда шавад, онро адолат наметавон гуфт… Адолати ҳақиқӣ он аст, ки аз вай ҳамаи ҷабрдидагон баҳра бардоранд» (с. 36).
Гунаи ин пандҳоро аз сафаҳоти роман бисёр метавон овард.
4. Панду ҳикматҳое, ки ба тариқи зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ аз номи персонажҳои мухталифи роман омадаанд. Масалан, Фотимабону мегўяд: «Магар ин ҷаҳонро ҷаҳони ҳирсу оз нагуфтаанд? Инсон пок омада дар касофати ин ҷаҳон олуда мешудааст. Маълум, ки ҳар чи ба кони намак афтод, намак шуд.
«Ё худ ҷои дигар омада: «Аз туркон сипоҳ оростан дар хона паланг парвардан аст, ки оқибат соҳиби худро ҳам медарад» ё «Дузди манора аввал бояд чоҳ биканад» ва боз «Дарвеш ҳар куҷо, ки шаб ояд, сарои ўст»; «Ҳар гоҳ, ки кина роҳбари ақл шуд, ҳосилаш ба ҷуз дасисаву иҳонат нахоҳад буд»; «Ҳар як бори одамӣ оқибат аз дўш меафтад» ва гайра.

пешина
аз 500
навбатӣ