Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Шахсияти худи Фирдавсӣ, ки зиндагии пандомўзе дошта ва ҳаргиз аз роҳи ростиву накўкорӣ нагашта.
Ин ҷо мехоҳем аз як нуктае ёдовар шавем. Доктор Мустафо Раҳимӣ дар мақолаи худ «Бартар аз шоҳ» иқтибосе аз шоири фаронсавӣ Ломартин оварда, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хисоли паҳлавонон чунон тавсиф шудааст, ки дар мақоми бартарӣ аз шоҳон қарор доранд. Ва агар дар назар дошта бошем, ки бахши паҳлавонии «Шоҳнома» асосан бо номи Рустам пайванд аст, ки паҳлавонест дурустандешу росткирдор, орому хирадманд, адолатпешаву додхоҳ, ба дурустии сухани Маҳмуд, ки «ҳама «Шоҳнома» ҳеҷ нест ҷуз ҳадиси Рустам» шак намемонад. Яъне, Рустами Фирдавсӣ мақоми бартар аз шоҳро дорост.
Дар романи Улуғзода, ки кулли воқеот атрофи меҳвари Фирдавсӣ мечарханд, тавсифи хисоли ў бисёр омадааст. Фирдавсӣ гоҳе барои аз хироҷ озод кардани мардум мешитобад, гоҳи дигар бандии бегуноҳро аз маҳбас озод мекунонад, гоҳе сари ятимеро сила мекунаду гоҳи дигар беваю бечораеро сарпарастӣ. Ҳама дардҳои замона аз дили ў мегузаранд. Хулоса, Фирдавсӣ, ки соҳиби гуфтор, кирдор ва пиндори нек буд, барои башарият ва бавежа, халқҳои эронинажод ба ҳайси қаҳрамони миллиест, ки мақоми волотар аз шоҳро дорад ва зиндагии пандомўзи ў барои ҳамагон дарси ибрат ва шоистаи пайравист. - Панду ҳикматҳое, ки дар сафаҳоти роман аз Фирдавсӣ интиқол шуда:
Ба дониш равонро тавонгар кунед, Хирадро ҳамон бар сар афсар кунед.
Зи чизи касон дур доред даст, Беозор бошеду яздонпараст.
3. Алфоз ва гуфторе, ки дар монологҳо ва муҳовараҳо нигоранда аз забони Фирдавсӣ оварда. Аз ин хусус гўё худи Фирдавсӣ низ гуфта: «Гузашти рўзгорон омўзгори хубест, ҳар ки аз ў таълим гирифтан хоҳад, ин омўзгори пурдон нахуст ба вай ситамгорӣ бар зердастонро манъ мекунад. Панди шоҳони некўсиришт ва додгар, ҳикматҳои Бузургмеҳри ҳакимро ман дар «Шоҳнома» ба назм зикр кардам ва хоҳам кард, то шоҳони ситампеша, агар надонанд, бидонанд, ки баҳрашон дар ду олам лаънати Худо ва нафрини халоиқ асту бас…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё