Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агар ҷамъи ин сифотро ба унвони «рўҳи Фирдавсӣ» зикр кунем, мебинем, ки романи Улуғзода низ қабл аз ҳама, маҳз бо ҳамин мухтасот бо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қаробат пайдо кардааст. Ва ба ибораи дигар, «Фирдавсӣ» бо рўҳи фирдавсиёна иншо шудааст:
Хусусияти севум, ки романи Улуғзодаро бо ҳамосаи Фирдавсӣ қарин кардааст, дар пандомўзии ин ду осор аст.
Ба қавли Улуғзода «Шоҳнома» – ин шоҳкитоби адабиёти мо, офаридаи фикри тавоно, хиради бекарона, дили бузург ва рўҳи нурафшони Фирдавсист. Вай танҳо нақли манзуми ривоятҳои бостонӣ намебошад, вай саросар зебоӣ, саросар панд, саросар ҳикмат аст, ҳикмате, ки халқҳои эронинажод бо мурури замонҳо андўхтаанд».
Дар хақиқат, «Шоҳнома» ганҷинаи бузургу беназирест, ки дари онро худовандаш барои мардуми бедордил саховатмандона боз намуда, ҳосили таҷрибаҳо ва тафаккури миллионҳо нуфусро самимона бо мо дар миён ниҳодааст. «Шоҳнома»-ро метавон хираднома ва ё андарзнома низ номид, зеро танҳо байтҳои пандомўзи он метавонад китобе ҷудогона бошад. Ва чунин китоб бо кўшиши марҳум Шодӣ Асрор таҳти унвони «Шоҳбайтҳои «Шоҳнома» мураттаб шудааст, ки панду андарзҳояш аз 968 адад ҷамъ омадааст. Дар «Шоҳнома» ҳатто бобҳои махсусе аз қабили «Андар ситоиши хирад», «Пандномаи Бузургмеҳр», «Пандномаи Анўшервон» ва ғайра ба сифати пандномаҳо омадаанд. Он ҷо, ки андешаи умри зудгузар дилҳои моро ба ларза меорад, пандномаи ҳаким Фирдавсӣ чароғе дар фаророҳи мо мешавад ва умеду дилгармӣ мебахшад:
Ба некӣ гирою маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.
Ё худ:
Набошад ҳамон неку бад пойдор Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Ин хусусияти «Шоҳнома» ба назари мо, Улуғзодаро водоштааст, ки панду андарзи ҳакимонаи нобиғаи оламшумул Фирдавсиро аз нуктаҳои муҳимтарини романи худ қарор диҳад. Романи Улуғзода низ аз чанд лиҳоз мушобеҳи панднома гаштааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё