Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агар Фирдавсӣ достонҳои асотирӣ, паҳлавонӣ ва таърихии Шарқи куҳанро барои башарият ба хотири дар дили онҳо коштани тухми ормону мақосиди шариф, ки арзиши ҷовидонӣ ва халалнопазир доранд, манзум карда бошад, Улуғзода низ маҳз ба ҳамин хотир тасмим гирифтааст, ки овози Фирдавсиро аз паси девори қурун ба гўши мо бозрасонад ва чеҳраи нурониву тобноки ўро ба мо накўтар шиносонад.
Ба таъкиди донишманди маъруфи эронӣ Ғуломҳусайни Юсуфӣ, «имрўз, ки дар кашокаши парешониҳо ва саргаштагиҳои қарни бистум, ҷавонони мо ба ҳидоят ва тарбияти дуруст ниёзманданд, то ба усули ахлоқӣ ва фазоили башарӣ имон оваранд ва шахсияти устувору мустақил ва тазалзулнопазир биёбанд, эҳтиёҷ ба шинохтани Фирдавсӣ ва пай бурдан ба рўҳи миллии ҳамосаи мо маҳсустар ба назар мерасад».
Аз ин лиҳоз тааҳҳуде, ки замоне Фирдавсӣ ва имрўз Улуғзода гирифтаанд, муштараканд. Ба ибораи дигар, Фирдавсӣ ва дар пайравии ў Улуғзода дирўзу имрўзро ба хотири фардо ба ҳам пайванд мезананд. Яъне, талоши онҳо фақат ба манзури шинохтани дирўзамон набуда, балки ҳадафи аслӣ гиреҳ бастани фарҳанги гузашта бо зиндагии кунунист.
Аз гуфтори фавқ ба бардошти дигаре низ дар бораи хусусиятҳои муштараки ҳамосаи Фирдавсӣ ва романи Улуғзода метавон расид, ки дар ягонагии рўҳи онҳо эҳсос мешавад. Мунаққиди машҳури рус В. Г. Белинский ба он ишора карда буд, ки ҳар шоир бо вуҷуди мухталиф будани мавзўъву мундариҷа ва шаклу сохтори забониву баёнии осораш ҳамеша хусусиятеро дорост, ки ҷуз ў каси дигар надорад. Ва ин сирри шахсияти ў, хусусияти рўҳи ўст, ки ба осораш таъсири амиқе гузошта. Ва ба дунболи гуфтораш мисолеро аз Пушкин афзуда, бардоште ҳосил мекунад, ки новобаста аз назм, наср ва ё дром, ба кадом мавзўъ бахшида шуданаш ва мутааллиқи кадом жанр буданаш, мо сабки Пушкинро пеш аз ҳама аз рўҳи умумии осораш мешиносем.
Агар аз ин пойгоҳи андеша ба «Шоҳнома» нигарем, мўҳтавои онро ҳимояти додгариву хирад, мардиву покӣ, ростиву накўкорӣ, ватандўстиву миллатпарварӣ дар пайванди ногусастанӣ таркиб додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё