Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Комгорӣ дар офариниши симои ашхоси таърихӣ танҳо ба онҳое даст медиҳад, ки шахсияти қаҳрамонашонро ба хубӣ шинохта бошанд. Аз ин рў, нигорандаи осори таърихии бадеӣ адиби муқаррарӣ набуда, балки ба ҳайси пажўҳандаест, ки бо манобеи илмиву таърихӣ ошноии дақиқ ва амиқ пайдо мекунад. Корест саҳлнамо, вале сангин, бавежа агар мавриди таҳқиқи бадеӣ шахсияти бузургмарде чун Фирдавсӣ ва шоҳкорие чун «Шоҳнома» бошад, ки ҷасорату қаҳрамонӣ ва ибтикоре фирдавсиёна тақозо мекунад.
Бамаврид аст бияфзоем, ки барои офаридани симои Фирдавсӣ Улуғзода заҳмати сангине ба дўши худ ниҳодааст ва тўли қариб чиҳил соли умрашро барои омодагӣ ба таълифи роман – шиносоӣ бо маъхазҳо ва баргардони ҷолибтарин достонҳои «Шоҳнома» ба наср масраф кардааст.
Чун маъхази асосӣ барои нависанда матни «Шоҳнома»
буд ва аз ин хусус худи ў низ таъкид кардааст (ниг.: Рўзномаи «Омўзгор», 11 сентябри соли 1991, №37), гумон мекунем, бисёр матлабҳои адибро дар иртибот бо «Шоҳнома» бояд ҷуст. Аз назари нигорандаи ин ҷустор ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагии романи Улуғзода бо «Шоҳнома» дар муштаракии матлаб, ягонагии рўҳи асарҳо, ҳамдилӣ ва пайванди зеҳнии адиби муосир бо Фирдавсӣ, дар таъсири сабки Фирдавсӣ ба тарзи нигориши Улуғзода зуҳур кардааст.
Нахуст таваҷҷўҳ ба таърихи таълиф шудани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Фирдавсӣ»-и Улуғзода мекунем. «Шоҳнома» замоне эҷод шуда, ки нигорандааш бо ақли дурбину хиради ҳайратангезаш парокандагӣ ва парешонии давлату миллатро эҳсос карда, кўшиши бузурге ба харҷ дод, то ҳамагонро ҳушдор дихад ва ба ваҳдату ягонагӣ, некандешиву озодмардӣ, додпешагиву доноӣ раҳнамун шавад. Дар замони Фирдавсӣ низ, ки баъди истилои арабҳо ағлаби шуаро забони ғайрро пазируфтаанд, муаллифи «Шоҳнома» бо фаросати фавқулодаи худ дарёфт, ки забон – нахустунсури иттиҳод ва пойдории миллат аст. Ва ин аст, ки бузургтарин шоҳкории ҷаҳон ба форсӣ эҷод шуд.
Дар замони таълифи романи Улугзода низ мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ аҳволи миллати моро танг ва ҳоли забонро хароб карда ва мардум аз ҳарвақта дида ниёзи бештаре ба бозгардонии сафҳаҳои таърих пайдо намудаанд, то аз осори таърихӣ ва ашхоси таърихӣ дарси худогоҳӣ гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё