Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар ҳунари шоирии М. Турсунзода ҷои тардид нест. Лекин ду хусусияте низ дар тасвири табиат ба назар расид, ки ба замони шоир мувофиқ буд, вале шеъри ниёгон ва шеъри имрўз, хушбахтона аз он орист. Якум, ворид шудани калимоте, ки хоси шеър нестанд:
Рафт техника ҳам ба ҷанги об
Самосвалка рафту булдозер…
Ва дувум, кўшиши инсонро ҳокими табиат нишон додан ва табиатро мутеи инсон, ки, мутаассифона, ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар шеър бебарор буд. Чунончи, дар шеъри «Рўди кўҳӣ» мехонем:
Ту ваҳшӣ будию мо ром кардем,
Туро бо коммунизм инъом кардем…
Ё ки:
Хуб шуд, ки нест оҷиз одами даврони мо,
Соҳиби техникаи олӣ бинокорони мо,
Менависам мухтасар, хонандаи мо, гўш дор
Дар миёни обу одам ҷанг барпо шуд баҳор.
Мо дар ин мақола танҳо ба як масъала мутавваҷҷеҳ шудем: ба ҳунари шоирии Турсунзода дар тасвирсозӣ ва баррасии ҳусну кубҳи муҳокоти ў дар заминаи як тасвири мушаххас.
Абёте, ки чун намуна овардем, далели боҳири он аст, ки М.
Турсунзода шоири хуштабъ ва соҳибзавқ аст. Шинохти зебоӣ ва бозофаридани он дар фазои шеър, корбурди ҳунармандонаи васоити мухталифи тасвирсоз, барҳақ, М. Турсунзодаро ба унвони шоири пешоҳанги даврони худ машҳур карда буд.
Соли 2010
БЕҲТАРИН НАМУНАИ НАСРИ
ТАЪРИХИИ МУОСИР
Романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода, ки соли 1996 ба
ҷоизаи «Китоби сол»-и Эрон сазовор шуд, то ба имрўз беҳтарин намунаи насри муосири тоҷикӣ махсуб меёбад. Бо офаридани симои абармарди сухан ва шахсияти камназири адабиёти
форсу тоҷик Фирдавсӣ, Сотим Улуғзода на танҳо замони зиндагии шоирро бозгў кард, балки мавқеи иҷтимоии ўро ба унвони як нафар шахси мубориз ва ҳақиқатҷўй инъикос намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё