Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Руҷўи бевосита ба рўд, аз он суол кардану посух ҷустанҳо
ба шеър таровату дилнишинӣ ва оҳанги заминӣ мебахшад ва
як қаробате бо зеҳни хонанда барқарор мекунад.
Дарёву рўдҳои Турсунзода ҳамчун инсон ҳазлу шўхӣ мекунанд, саркашӣ доранд, мерақсанд, месароянд, меғурранд,
наъра мезананд, фарёд мекашанд, варзиш мекунанд, ғавғо менамоянд, мужда меоранд:
«Рўд мегуфтам, ки ў оби маро нўшида буд»,
«Чашма мегуфтам, ки омад кўза бар сар пеши ман»,
«Фарёди рўди кўҳӣ ҳар дам ба гўш ояд»,
«Қатраҳо якҷоя гашта рўд ғавғо мекунад»,
«Рўд орад муждаи соҳил ба сўи пахтазор»,
«Ба доман чанг мезад рўди кўҳӣ»,
«Даст бар сар мўхарошон, рўхарошон мезанӣ»,
«Ту медонӣ, ки оби чашмасорон,
Равад аз қуллаҳои кўҳсорон.
Гаҳе рақсидаву гоҳе суруда,
Ба сўи Панҷу Омуи хурўшон»…
Баҳру наҳрҳои шоир ба мисли инсон рух доранду лаб,
чини пешониву забон, дасту сар ва гесу:
«Даст бар сар мўхарошон, рўхарошон мезанӣ»,
«Чун мавҷҳои дарё сарро занад ба соҳил»,
«Гирам аз гесўи ҳар як шаршара»,
«Рўд ҳам чин дар рўҳи софу тараш»
«Рўдҳои ҷорӣ аз ҳар як дара кафк бар даҳон»,
«Вахш сўи Панҷи шўҳратнок ояд лаб зада»,
«Дилат пурҷўш, рўят нурбор аст»,
«Сараш бар санг мезад рўди кўҳӣ» ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё