Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар шеъри дигар ҳамчунин:
Шеъри ман!
Хуни ҷигар, ё пораи дил гўямат, Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гўямат, Ё хурўҷи мавҷ дар домони соҳил гўямат…
Ҳатто офтоб шабеҳи об аст:
Монанди обҳои сари кўҳсори ман, Эй, офтоб, гирди ту ҷамъанд зарраҳо.
Лекин бештар аз ҳама омехтагии тасвири инсону табиат ба назар мерасад. Дар ашъори Турсунзода ҳиссиёти инсон бо тапиши набзи табиат даромехта ин яке бо они дигар мушобеҳ мешавад. Дар шеъри «Инсон ва кўҳ» мехонем:
Зистӣ чун рўди ноором дар оғўши кўҳ, Омад овозат ба гўш аз синаи хомўши кўҳ.
Тасвири зан ва об:
Гоҳ мебинӣ, ки меҷўшад чу дарёи Ҳазар…
Гоҳ чун монанди мавҷи баҳр дар рўяст он.
Адиб низ ба дарёи бепоён ва чашмаи ҷўшон шабоҳат дорад:
Назмро дарёи бепоён, Ғафур,
Дўстиро чашмаи ҷўшон Ғафур.
Дар тасвирҳои М. Турсунзода одамон мисли рўдҳои беқароранд, ҳамнавои рўдҳои кўҳианд. Чунончи, тасвирҳои:
«Дарё шудию, ҷўш задию бидамидӣ», «Одамон оянд мисли рўдҳои беқарор», «Гаҳ шудам бо рўди кўҳӣ ҳамнаво», «Сўи ту баҳри фазли номаҳдуд, Халқи мо меравад чу оби рўд» мисоли равшани гуфтори фавқанд.
Агар ҳамбастагии инсону табиат, дар як тараф, дар самимияти муҳаббати шоир ба обу хоки диёраш зуҳур кунанд, аз тарафи дигар, аносири табиатро ба унвони як инсоне пазируфтан, мушаххасонидан, сурати онро кашидан, ба сухан даровардан, хислатҳои инсониро ба он нисбат додан аз хусусиятҳои дигари тасовир дар ашъори М. Турсунзода аст:
Рўди кўҳӣ, ту сароӣ ба ҳавои дили ман, Ҷўр созӣ нафасатро ба садои дили ман.
Шўр дар сина ниҳон рақскунон мегузарӣ, Огаҳастӣ магар аз дарду давои дили ман?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё