Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар тасвирҳои М. Турсунзода ташбеҳ як воситаи пурзўри муассирии калом шудааст:
Сараш бар санг мезад рўди кўҳӣ, Ба доман чанг мезад рўди кўҳӣ.
Ба мисли шири навҷўшидае буд, Палангу бабри хуннўшидае буд.
Дар байти охири ин порча якбора ду ташбеҳ омадааст, ки мантиқан аз ҳам дур буда, дар айни ҳол қаробат ҳам дорад.
Дар тасвири аввал рўди кўҳӣ ба шири навҷўшида мушобеҳ шудааст, дар тасвири дувум – ба палангу бабри хуннўшида.
Ин ҷо ваҷҳи ташбеҳ хурўшидан, дар худ нағунҷидан аст, ки ҳар ду ҷузъиёти тасвирро ба ҳам мепайвандад. Воқеан, ба мушоҳида расид, ки шоир дарёву рўдро гоҳ ба палангу бабри хуннўшида, гоҳ ба уштури маст, гоҳ ба барраву бузғолаву оҳу монанд мекунад:
Бар лаби рўде, ки монанди бара…
Меҷаҳад рў-рўи сангони дара…
Ё ки:
Рўдҳои дараи силсилаи кўҳи Ҳисор, Акси оҳубараи силсилаи кўҳи Ҳисор.
Баъзан об ба ашки ошиқон, ба ишқи шоир, ба шуои офтоб, тори гесўи духтарон монанд карда мешавад. Аммо тасвирҳои баръакс ҳам ҳастанд, ки дар онҳо на об ба чизе, балки чизҳои дигар ба об ташбеҳ дода мешаванд.
Масалан, дар байтҳои зерин дил ба об монанд карда шудааст:
Ҷўшидаю дамида, ноорамида ин дил, Чун мавҷҳои дарё сарро занад ба соҳил.
Ё ки:
Дилат пурҷўшу роҳат равшану соф, Ба мисли обҳои чашмасоре…
Суруд низ ба об ташбеҳ шудааст:
Дурахшида ба мисли дурри ғалтон, Равони мисли оби ҷўйборон.

пешина
аз 500
навбатӣ