Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мутолиаи ашъори шоир ба хулосае овард, ки барои ифодаи тасвири об шоир калимотеро ба кор гирифтааст, ки аз ҷиҳати маъно ба он қаробат доранд: обшор, фаввора, рўд, наҳр дарё, уқёнус, канал, чашма, сарчашма, ҷўй, қатраҳо; номҳои мушаххаси дарёҳо: Сир, Ому, Панҷ, Зарафшон, Нил, Нева, Волга ва ғайра. Аксари ин вожаҳо дар шеър бо тавсифҳо якҷоя омадаанд. Чунончи: рўдҳои нуқрагин, рўди шўх, Панҷи ноором, Панҷи пурҷўш, оби равон, дарёҳои шўхи кўҳсор, дарёи васеи пургуҳар, рўдҳои беқарор, баҳрҳову наҳрҳои ҷўшанда, ҷўйбори азим, чашмаҳои дилписанд, обҳои мусаффо, дарёи саркашу мағрур, чашмаи ҷўшон, обҳои зарфишон…
Маълум мешавад, ки тавсифҳои «кўҳӣ», «шўх» ва «пурҷўш» нисбатан серистифода будаанд.
Гоҳе М. Турсунзода тасвирҳои тафсиливу густурдаро низ мепазирад:
Ту ҳамон чашма, ки ҷўшидаву фаввора шудӣ, Ашки шаффофтарини ҷигари хора шудӣ.
Чашма дар кўҳ будӣ, ҷўй шудӣ, рўд шудӣ, Нури чашмони ману дидаи наззора шудӣ.
Як хусусияти дигари тасвирҳои шоир дар динамизми онҳост, яъне, тасвирҳо дар ҳаракатанд, тағйир меёбанд. Ҳаракат ҳам дар объекти тасвир ва ҳам дар худи тасвир ба мушоҳида мерасад. Таваҷҷўҳ фармоед ба як тасвири хеле зебои рўд дар шеъри «Рўди ман»:
Медавӣ дар кўҳсору сар ба сангон мезанӣ, Уштури мастӣ магар ҳар сўй ҷавлон мезанӣ, Даст бар сар мўхарошон, рўхарошон мезанӣ, Қатраҳои сардро бар кўҳсорон мезанӣ.
Сар ба сангҳо зада давидани рўд, чун уштури маст ҷавлон задани он, девонавор ва бехудона даст бар сар рўю мўй харошидани мавҷҳои пуршўри рўд, воқеан, тасвирҳои шигифтзои шоирона аст. Арзиши аслии шеър, ҳунари сухангустарӣ ва завқи зебоишиносии шоир маҳз дар ҳамин гуна тасвирҳо зуҳур кардааст. Дар ин пора ба ҷуз зебоии тасвир хушоҳангии калом низ ба мушоҳида мерасад, ки ба гумони мо, қофияҳои «сангон», «ҷавлон», «рўхарошон», «кўҳсорон» ва такрори радифи «мезанӣ» дар ҳамаи мисраъҳо мусиқии гўшнавозу тарабангези ин шеърро таъмин намудаанд.

пешина
аз 500
навбатӣ