Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Пайнавишт:
- Турсунзода М. Куллиёт иборат аз 6 ҷилд, ҷ. I.–Душанбе: Ирфон,
- Турсунзода М. Асарҳои мунтахаб.–Сталинобод, 1955.
- Сулаймонӣ П. Куллиёт.–Душанбе: Адиб, 2006.
- Лоҳутӣ А. Шеърҳо ва достонҳо. Иборат аз 2 ҷилд, ҷ. 1.–Душанбе: Ирфон, 1987.
- Сайфуллоев А. Мирзо Турсунзода.–Хуҷанд, 2004.
ТАСВИР ВА АНОСИРИ ТАСВИРСОЗ
ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Бунёди шеър бар се унсур аст: забон, тасвир ва мусиқӣ.
Фасоҳату балоғати шеърро таровати забон, тозагии тасвир ва хушоҳангии калом таъмин мекунанд. Агар яке аз ин унсурҳо ноқис бошад, ҳусни калом мекоҳад. Тасвир дар шеър на танҳо воситаи офариниши зебоист, балки омили мазмунсоз низ мебошад. Тасвир, ба қавли Ризо Бароҳанӣ, «ҳалқа задани ду чиз аз ду дунёи мутағайир аст ба василаи калимот дар як нуқтаи муайян… Қудрати тасвирсозӣ муҳимтарин қисмати қудрати тахайюл аст».
Дар ашъори М. Турсунзода тасвир чӣ мақоме дорад ва қудрати тахайюли шоир дар кадом поя аст?
М. Турсунзодаро барҳақ мусаввири табиат мегўянд, зеро шоир воқеан ҳам дилбастаи манзараҳои диёраш аст. Агар ба сабки ў дар офариниши тасвирҳо мутаваҷҷеҳ шавем, пай мебарем, ки майли адиб ба аносири табиат хеле назаррас аст.
Тасвирҳои кўҳ, об, офтоб, ситора ва замин дар аксари ашъори шоир вомехўранд.
Тасвирҳои М. Турсунзода бо якчанд хусусияти худ мумтоз аст. Дар ин мақола мо зимни танҳо як тасвир – тасвири об нишонаҳои сабки шоирро ҷўё мешавем.
Муҳимтарин вежагии тасвирҳои М. Турсунзода дар айнияти онҳо зоҳир мешавад. Шоир ҳар чи мебинаду эҳсос мекунад, содаву табиӣ, бе муболиғаву иғроқ ва хеле самимона ба қалам медиҳад. Обу рангҳои аз ҳад баланд, тасвирҳои дур аз зеҳн ва маҷозӣ, рамзҳо ба сабки М. Турсунзода хос нестанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё